БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БОЗДИДИ ҲИЗБИЁН АЗ РАФТИ ТАЪЛИМ ДАР МАКТАБҲО

ЁВОН. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар якҷоягӣ бо шуъбаи кор бо занон ва  оилаи МИҲД ноҳия аз рафти таълим дар Муссисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53-и деҳаи 1-Майи  Ҷамоати деҳоти Норин дидан намуданд.

Меҳмонон аз якчанд синфхонаи таълимӣ ва аз рафти дарс аз фанҳои гуногун дидан намуда, иброз доштанд, ки соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва калидӣ дар назди Ҳукумати мамлакат ва ҲХДТ мебошад. Бинобар ин барои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар мактабҳо ва таъмини шароити мусоид барои илмомӯзии толибилмон, вазифаи аввалиндараҷа мебошад. Бояд гуфт, ки дар соли таҳсили 2021-2022 дар назди муассисаи мазкур бо саҳми шахсони саховатпеша ва аъзову ҷонибдорони ҲХДТ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” 8 синфхонаи иловагӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуда, имрӯз хонандагон аз он васеъ истифода менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg