БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАҶЛИЛИ САЗОВОРИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ш.ШОҲИН. Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  бо иштироки узви   Кумитаи иҷроия  вилоятӣ ва  ноҳиявии ҳизб, раиси ноҳия Гулзода Зафар Шамсуддин, кормандони касбу кори гуногун ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  дар як сатҳи зарурӣ таҷлил гардид.

Сараввал раиси ноҳия ба сухан баромада,  иштирокчиён ва дар симои онҳо тамоми хурду бузурги Ватанро ба Рўзи забони давлатӣ табрику шодбош намуда, ба фазои Тоҷикистони гулгулшукуфон  амну осоиштагии пойдорро таманно намуданд.

Баъдан хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи №38-и ноҳия бо хондани шеъру суруд дар васфи Тоҷикистон, Ватан, забон ва ифтихормандӣ аз диёру Ватани тинҷу осуда  хотири иштирокдоштагонро шоду болида  ва ба  чорабинӣ ҳусну таровати идона бахшиданд.

Дар интиҳо фарҳангчиёни ноҳия бо баргузор намудани барномаи ҷолиби консертӣ ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшиданд .

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg