БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАБОН ВА ТАФАККУРИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАНД

ҲАМАДОНӢ. Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии дар  филармонияи мардумии ба номи устод Одина Ҳошимов ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Муовини раиси ноҳия Исҳоқӣ Ҳусния дар бораи “Забон ва тафаккури таърихии миллат пайванди ногусастанӣ доранд” маърӯза карда, қайд намуд, ки умри миллат ба умри забон вобаста аст. Барои он, ки номи миллат аз саҳифаҳои таърихи башарӣ нобуд нашавад, бояд чароғи роҳнамоӣ худшиносию худафрӯзиаш-забонро ҳифз кунад ва онро ҳамчун волотарин мерос ба наслҳои оянда ба мерос гузорад.

Дар охири чорабинӣ ҳунармандони филармонияи мардумии ба номи устод Одина Ҳошимов бо суруду рақсҳои дилошуби худ хотири ҷамъомадагонро болида гардониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg