БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МЕҲНАТ, ДАРОМАД ВА ХОҶАГИДОРӢ ДАР ОИЛА

АНДЕША.  Ҳар як фард, ҳатто ҳар  махлуқи ҷондор бо меҳнату машаққат ба арсаи ҳаёт меояд ва нафаси  аввалинро бо меҳнат оғоз мекунад.

Меҳнат шарти аввалини мавҷудияти  инсон аст, ки тавассути  он инсон  предметҳои табиатро шаклан тағийр дода, барои қонеъ гардонидани  талаботи худ кор мекунанд.

Одам  ба туфайли меҳнати бошуурона аз ҷаҳони махлуқоти зинда фарқ мекунад, қувваҳои табиатро ром ва ба нафъи худ  сафарбар месозад, олоти меҳнату истеҳсолот офарида, қобилият, маҳорату донишашро равнақ дода, ба ҳамин ривоҷу равнақи минбаъдаҳо  пешбинӣ менамояд. Одамон дар давоми фаъолияти меҳнатӣ воситаҳои зиндагиро ба даст оварда, байни ҳамдигар муносибатҳои истеҳсолӣ барқарор  месозанд.  Қобилияту маҳорати инсон дар ҷараёни меҳнат вусъат меёбад. Дар ҷаҳони мутамаддин ҳар як фарди  ҷамъият вазифадор аст, ки бо  меҳнати фоиданок машғул шавад, меҳнатро манбаи дилхушиву вақтчоқӣ, мавҷудияту ҳаловат донад.

Меҳнат мувофиқи қобилияту маҳорати шахс, ҳамчунин ҳуқуқ ба интихоби касбу ҳунари дилхоҳ бардошта,  ба дахлнопазирии вай замонияти  комил дода шудааст. Инро аз  синни кӯдакӣ ба волидон фаҳмонда, онҳоро  пос доштану афзун намудани анъанаҳои  меҳнатии оила, авлод ва халқи  худ водор кардан лозим аст. Онҳо бояд донанд, ки сарчашмаи фаровонии нозу неъмати дастурхони падар, ободонии хонадон, иззату эътибори ҷамъиятии  волидон ва умуман оила маҳз  меҳнати фоиданоку самарабахши онҳост.

Тарбияи меҳнатӣ ҳанӯз дар хона аз  кору бори рӯзгор оғоз ёфта, ҳисси  меҳнатдӯстӣ,  ҳунардӯстӣ,  сарфаю сариштакории онҳо бо ибрати нек, таъсир ва маслиҳати падару модарон ташаккул меёбад, онҳо ба  қадри ҳар гуна неъмати моддӣ расониданро аз калонсолон, махсусан аз волидони хеш меомӯзанд. Волидон ҳар корро  ба фарзандон мувофиқи қобилияту маҳораташон  тақсим карда,  ба иҷрои  онҳо назорат кунанд ва ҳар кори хубу хушсифатро қадр созанд.

Меҳнат бояд ба як марому низоми  муайян  ба роҳ монда, бо тариқи коллективӣ ва кӯмаки  ҳамдигарӣ ба ҷо  оварда шавад. Яке дегу табақро шӯяд, дуюмин  онҳоро хушконида ҷо ба ҷо гузорад,  сеюмин дастурхонро ғундорад ва ҳоказо.  Сохтмон,  киштукор, ҳосилғундорӣ ва  амсоли ин корҳои  дигарро ба тариқи ҳашари умумӣ баҷо овардан ба меҳнат  як рӯҳи дилхушӣ, шодкомӣ мебахшад ва ин  таҷриба, маҳорат ва ҳунари волоро як нав тарғибу ташвиқ менамояд.

Воҳид  Дилафрӯз Сафарӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg