БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАБОН РУКНИ АСОСИИ МИЛЛАТ ВА ДАВЛАТ

ҚУБОДИЁН. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар якҷоягӣ  бо ташкилоти ибтидоии “Исмоили Сомонӣ” бо мақсади таҷлили Рӯзи забон дар муассисаи таълимии № 1 мизи мудаввар зери унвони «Забон рукни асосии миллат ва давлат»  доир гардид.

Мизи мудавварро  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳмонов Алишер оғоз намуда, қайд кард, ки мо давлати соҳибистиқлолем, рушди ҳаматарафаи мо забон аст, яъне забони тоҷикист. Мо тоҷикон ифтихорманд аз онем, ки забони бостонию тавоно ва дорои захираи ғании луғавӣ дорем. Ба бахти халқи тоҷик ва забони модари ин халқи бостонӣ дар даврони Истиқлолият марди шарифе, ки арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллат, аз ҷумла забони модарӣ назир надорад. бо дастгириҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон бо нахустқадамҳояшон мо забони давлатии хешро соҳиб гардидем. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки халқи тоҷик бо забони шевои тоҷикӣ гуфтугӯ карда, фарҳанги беназири худро чун хати сабз аз як китоб ба китоби дигари таърих сабт мекунад. Шоирону нависандагон ва донишмандони оламшумул, мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ Сино, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Бедил, Аҳмади Дониш, Айнӣ ва дигарон асарҳои ҷовидонаву орифонаи худро бо забони тоҷикӣ эҷод карда, шӯҳрати ин забонро боз афзунтар гардониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg