БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АФҒОНИСТОН ДАР ВАЗЪИЯТИ ИМРӮЗА

АНДЕША. Ба хамагон маълум аст, ки миллати афғон яке аз миллатҳои ҷабрдидаи солҳои тӯлонӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо низ дар сарзамини Афғонистон ҷунбишҳои сиёсӣ бо суръат буда, аз дасти гурӯҳҳои бар мухолифи худ бисёре аз мардумаш сарсону парешон, қисми дигар бе манзилу ба сӯйи ҳалокат рафта истодаанд.

Афғонистон яке аз чаҳор давлати ба мо тоҷикон ҳамсоя буда, хатари он ё нооромии халқаш нигаронии мо низ ба шумор меравад. Ҳамчунин қайд кардан лозим аст, ки давлати Афғонистон яке аз давлатҳои Исломӣ ба ҳисоб рафта, тайи қарнҳои сол аст, ки дар ин кишвар ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои гуногун амал мекунад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз мулоқоташон ба вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуд Курайшӣ мавқеи Тоҷикистонро дар қиболи ҳаводиси Афғонистон ва тасарруфи ин кишвар аз сӯйи гурӯҳи Толибон равшан кард. “Тоҷикистон чун ҳамсояи наздик ҳамеша эҳёи сулҳу суботи пойдорро дар Афғонистон ҷонибдорӣ мекард ва дар ин мавқеъ устувор боқӣ мемонад”.

Бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон ҳама гуна намуди беқонунӣ, зуҳуроти куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулмро алайҳи мардуми Афғонистон махсусан тоҷикон, ӯзбекон ва дигар аққалиятҳои миллӣ қатъиян маҳкум карда бетараф нест. Вазъияти имрӯзи Афғонистон ба ҳамагон маълум аст, ки дар ҳолати ногувор қарор дорад. Афғонистони ҷабрдида ва ин миллати ба мо дӯсту бародар набояд дигарбора ба гирдоби ҷангҳои хунини таҳмилӣ кашида шавад. Бояд қайд намуд, ки мубориза ба терроризму ифротгароӣ ва хар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мухталиф масъалаҳои доғи ҷомеа маҳсуб ёфта, алайҳи ин вабои аср дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо низ тадбирҳо андешида мешавад. Яке аз сабабҳои асосии ҷангу ҷидол, ки вазъияти имрӯзаи Афғонистонро дар бар гирифтааст, ҳар гуна ҳизбу гурӯҳҳо ба шумор мераванд. Ва бояд таъкид намуд, ки ҷавонони имрӯзи кишвар бедору зирак шаванд ва ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил нашаванд.

Умаралиев А., мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар н.Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg