БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

ЛЕВАКАНТ. Дар саҳни Комиссарияти ҳарбии шаҳри Левакант Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид.

Раиси шаҳри Левакант Давлатзода Зарина дар ин рӯз тамоми даъватшавандагони ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва волидайни онҳоро табрик намуда, ба ҷавонон хизмати содиқонаю софдилона ба халқу Ватанро орзу намуд.

Таъкид гардид, ки наваскарон бо нерӯи ватандорию ватанхоҳӣ ҳимоятгарони ҳақиқии ин марзу бум ва муқаддасоти кишвари хеш хоҳед буд, Ватан ба нерӯ ва ақлу заковати ҷавонон боварии комил дошта, онҳо дастовардҳои ин сарзаминро зери ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бегазанд ба ояндагон ба мерос мегузоранд.

Дар охир маросими анъанавии нонгазии наваскарон аз дастони модаронашон сурат гирифта, барномаи фарҳангии омодакардаи бахши фарҳанги шаҳр пешкаш гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg