БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАБОН ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ

АНДЕША. Миллати тоҷик бо фарҳанг ва тамаддуни чандҳазорсолаи худ ифтихор дорад ва ин ҳама арзишҳои фарҳангӣ, ки боиси ифтихори миллати мо ҳастанд, маҳз тавассути забон то замони мо омада расидаанд ва ба воситаи забон шинохта шудаанд. Аз ин рӯ, мо бояд ин забонро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт карда, аз таъсири манфии забонҳои дигар ва унсурҳои гуфтугӯии кӯчагӣ ҳифз кунем. Ба ин забон санадҳои ҳуқуқи байналхалқӣ ва осори илмиву бадеии халқҳои ҷаҳон тарҷума мешаванд, созишномаҳо ва қарордодҳои муҳими байналмилалӣ таҳия мегарданд, ин забон аз минбарҳои бузург ва муътабари ҷаҳонӣ садо медиҳад ва рӯз то рӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ маъруфияти бештар касб менамояд. Имрӯз мо бояд кӯшиш намоем, ки забони худро ба забони фарогири корӣ ва муошират, яъне ба забоне, ки ҷавобгӯи ҳамаи ниёзҳои даврони истиқлол ва давлати мустақил бошад, табдил диҳем. Забони мо шиносномаи маърифати оламшумули мо, баёнгари сарнавишти мо, мояи ифтихору сарфарозӣ ва пойдевори ҷовидонаи миллати мост. Пас, биёед, соҳиби сазовор, хазинадори пурифтихор, вориси бонангу ор ва посдори ҳушёри забони зебову шевои модарӣ, забони халқи тамаддунсоз ва куҳанбунёди худ бошем!

 Рӯзи забони давлатӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

Мирзоев Эраҷ,  мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg