БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШАИ ОМӮЗГОРӢ МУҚАДДАС БУДА, ДАР ҶОМЕА МАҚОМУ МАРТАБАИ ОЛӢ ДОРАД

АНДЕША.  Боиси  таҳсину офарин аст, ки мавқеъ ва манзалати омӯзгор бо кӯшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон торафт афзун мегардад.

Омӯзгор бо ақлу хирад чашми  ҳар инсонро ба олам боз мекунад, сабақи одамгарӣ меомӯзанд. Пешаи омӯзгорӣ муқаддас буда, дар ҷомеа мақому мартабаи олӣ дорад.

Ҳидояти омӯзгор аст, ки ҳар як  инсон  ба ҷаҳон ба чашми дил назар мекунад, аз баду неки ҷаҳон воқиф  мегардад, дӯстро аз душман  фарқ мекунад. Омӯзгор натанҳо илму адаб меомӯзад, балки меъмор ва наққошест, ки тарҳи фарди ояндаро дорои сифатҳои олии инсонӣ, савод, тарбия ва фаҳмиши расо мебинад. Омӯзгор ранҷ кашида,  дар таълиму  тарбияи насли наврас на камтар  аз ранҷи модар саҳм мегузорад. Соҳаи илму маориф ва самти  таълиму тарбияи насли наврас фақат як рукни сиёсати давлат нест, балки он ҷавҳари тамоми сиёсати давлат аст,

Агар модар ба тифл шираи ҷон бахшад, омӯзгор ба ӯ шираи  маърифату ирфон медиҳад. Омӯзгорон вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, инсониятро тарбия менамояд, илм меомӯзад, ба роҳи дуруст тарбия менамояд, ки ин кори чандон осон нест.

Муаллим аз рӯзи аввал ба шогирдон  адаб меомӯзад ва онҳоро ба ҳаёти мустақилона ба рӯҳи наҷибтарин  хислатҳои инсони омода месозад. Муаллим оинаи халқ аст, оинае, ки ба он нигариста, қалбу дилу нуқсонҳоро бартараф мекунад. Яъне, омӯзгор ибратомӯз аст, ки ҳар калому ҳар  нигоҳ ва ҳар қадамаш саропо  ибрати  ҳамагон аст. Давлату Ҳукумати  ҷумҳури соҳаи маорифро таҳти назорати ҳамешагии худ нигоҳ медорад. Сол аз сол баланд бардоштани музди маоши омӯзгорон, бо унвонҳои фахрӣ  сарфароз  гардонидани онҳо ва дастгирии омӯзгорони ҷавон  ва ғамхориҳои Давлату Ҳукумати  ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократи, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  ҳамеша дар Паёми ҳарсолаи худ таъкид менамояд, ки  сифати таълим ва баланд бардоштани масъулияти омӯзгорро  яке аз роҳҳои  асосии ноил гардидан ба ҳадафҳои созандаи Давлату Ҳукумати кишвар маънидод карда гуфтаанд, “ Калиди ҳама гуна дастоварду  пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ, муаллим – омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад”.

Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани  корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки  сатҳи донишу ҷоҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гардад.

Фаъолияти омӯзгор  асосан аз ду  ҷанбаи муҳим -  таълим ва тарбия иборат аст. Ин ду самт ба ҳамдигар пайванди ногусастанӣ дорад ва  якеро  ба дигаре наметавон тасаввур  кард.

Муаллим пеш аз ҳама афрӯзандаи  ҷароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона қисми асосии  зиёиёни  кишварро муаллимон ташкил мекунад.

Шоир беҳуда нафармудаанд:

Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест,

Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.

Омӯзгорро зарур аст, ки ба насли наврас, донишу ҷаҳонбини, одобу ахлоқи ҳамида, эҳтиром  ба падару модар, устодону омӯзгорон, калонсолон ва ба арҷгузорӣ арзишу муққаддасоти ватан, фарзандони шуҷоъу бо нангу номус будани худро исбот намоянд.

Омӯзгор ҳастии худро ба донишандӯзии  фарзандони халқ сарф намудан ва шогирдонро миёни нури чашми хеш азиз донистан, баҳри  босавод, бомаърифат, соҳибҳунар, соҳибкасб шудани шогирдон заҳмат кашидан, ҳар як шогирдро чун инсони  комил ба воя  расонидан, ҳамчун  шамъи худсӯз қалби шогирдонро бо дониши мунаввар  сохтан ва ғайра.

Набояд, фаромӯш кард, ки омӯзгорро эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ, худфидоӣ ва муқаддас доштани рисолати касбӣ дар ҷомеа, обрӯманд, боэҳтиром ва соҳибқадр мегардонад.

Омӯзгор бо серталабӣ, соҳибхирадӣ, донишҳои мукаммал ва  гуфтору рафтори шоиста  маҳбуб  мегардад. Насли наврас мудом кӯшиш мекунад, ки ба ин зумра омӯзгорон монанд бошанд.

Беҳтарин мояи ифтихор барои ҳар як муаллим ба камолот расонидани шогирдони  сазовори  даврони истиқлол  аст.

Аз ин рӯ, яке аз муҳимтарин ҳадафҳои давлати мо дар оянда  фарогирии қуллӣ  ҷомеа  бо  маърифату ҷаҳонбинӣ ва илму донишҳои муосир хоҳад буд.

Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  пайваста  таъкид менамояд, ки  муаллим бояд дар  таълиму тарбия ба хатогӣ роҳ надиҳад.

Омӯзгор бояд тавре таълиму тарбия  намояд, ки шогирдонаш дар ҳаққиқат, чун ворисони арзанда ба камол расад ва баҳри бунёди  ҷомеа нақши муассир дошта бошад. Бошад, ки ин орзуи омӯзгорон дар ҳама давру замон ҷомаи амал пушад.

Воҳид  Дилафрӯз Сафарӣ, муовини раиси ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg