БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАМЪБАСТИ ФУТБОЛИ ХУРДИ "ҶОМИ ҲХДТ" ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ВИЛОЯТ. Ҷамъбасти даври Ҷумҳуриявӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти "Ҷоми ҲХДТ" бо иштироки дастаҳо аз худуди деҳаву маҳалли шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, шаҳри  Душанбе баргузор гардид. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бозии мазкур аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ роҳандозӣ гардидааст, ки дар таҳким бахшидани тарзи ҳаёти солими ҷавонону наврасон мусоидат мекунад.

Дастаи футболбозони шаҳри Бохтар "Хатлон 1" дар даври финалии мусобиқоти футболи хурд барои дарëфти ҶОМИ ҲХДТ бо дастаи футболбозони "Хатлон 2" (шаҳри Кӯлоб) рақобаташонро оғоз намуданд

Тибқи низомнома мусобиқаи мазкур аз рӯи чор марҳила доир гардид. Марҳилаи якуми он аз 1 июл то 5 августи соли ҷорӣ дар сатҳи деҳаҳо ва маҳаллаҳои шаҳру навоҳии вилоят ва ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Марҳилаи дуюми мусобиқа аз 10 то 30-август дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо байни ғолибони деҳаҳову маҳаллаҳо доир шуд. Марҳилаи сеюми мусобиқа, аз санаи 15 то 25 сентябри соли 2021 дар сатҳи вилоятњо, минтаќа ва шањри Душанбе бо иштироки ғолибони сатҳи шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид.

Марҳилаи чоруми мусобиқа ќисми нињої аз 30 сентябр то 5 октябри соли 2021 бо иштироки ғолибони сатҳи минтақа ва вилоятҳо баргузор гардида истодааст.

Дастаи футболбозони шаҳри Бохтар "Хатлон 1" дар даври финалии мусобиқоти футболи хурд барои дарëфти ҶОМИ ҲХДТ бо дастаи футболбозони "Хатлон 2" (шаҳри Кӯлоб) рақобаташонро барои ишғоли ҷойи якум ва дуюм оғоз намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg