БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАШКИЛОТҲОИ ТЕРРОРИСТИЮ ЭКСТРЕМИСТӢ ДАР ШАКЛИ ДИНӢ ЗУҲУР ЁФТААНД

ВОКУНИШ. Тавре аз нишондодҳо пайдост, яке аз мушкилоти имрӯзаи ҷаҳонӣ, ки ҳеҷ як кишварро дар канор намегузорад, масъалаи терроризм ва экстремизм аст. Имрӯз терроризм дар шаклҳои гуногун ба кишварҳои ҷаҳон таҳдид мекунад. Новобаста аз раддабандии давлатҳо, ки онҳо дар кадом сатҳи ҷаҳонӣ қарор доранд, аз хатари терроризму экстремизм дар амн нестанд. Ба таври дигар, терроризму экстремизм дар асри равон хусусияти фаромиллӣ касб карда, мубориза алайҳи ин зуҳурот метавонад танҳо дар шакли муташаккил ва якҷоя байни давлатҳо сурат бигирад. Вазъи имрӯзаи кишварҳои Шарқи наздик, инчунин, таҳдиду хатарҳое, ки ҳатто дар кишварҳои Аврупою Осиё мавҷуданд, далели гуфтаҳои болост. Имрӯз ташкилотҳои террористию экстремистӣ махсусан бо истифодаи бовару эътиқодоти мардум дар шакли динӣ зуҳур ёфтаанд, ки аз ин роҳ гурӯҳҳои осебпазирро ба доми худ мекашанд. Чунин амал дар кишвари мо аз ҷониби Ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИ ба роҳ монда шуда буд. Бо ҳамаи ин ҷиноятҳои содиркардаашон Муҳиддин Кабирӣ ва баъзе аъзои ТЭТ ҲНИ дар хориҷи кишвар паноҳ бурда, тавассути расонаҳои ифротӣ бадгӯӣ ва таҳқиру туҳматро дар ҳаққи мардум ва Ҳукумати мамлакат ба роҳ мондаанд. 

Имрӯз тамоми давлатҳои дунёро зарур аст, ки дар муқобили ин вабои аср муттаҳид бошанд. Зеро имрӯз терроризму экстремизм хусусияти ҷаҳонӣ касб кардааст ва шахсони ба ин гуна ҷиноят дастзада, ҳангоми дар озодӣ қарор доштан, метавонанд ба дилхоҳ кишвари ҷаҳон хатар эҷод кунанд. Инро даҳҳо ҳодисаҳое, ки солҳои охир дар баъзе мамолики ҷаҳон сурат гирифтаанд, собит менамоянд. Дар ҳамин ҳол, кишварҳои ҷаҳонро зарур аст, ки барои ҳар чи муассиртар ба роҳ мондани мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткории сатҳи байналмилалӣ, махсусан мубориза алайҳи экстремизму терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва харидуфурӯши одамон аз рӯи стандарти ягона амал намоянд. Мо умед дорем, ки шахсони ҷиноятсодиркарда ва кишварро таркнамуда дер ё зуд дар назди миллату давлат ҷавоб хоҳанд гуфт. Махсусан, роҳбарони фирории ТТЭ ҲНИ, ки бо ҷурми кӯшиши табаддулоти сиёсӣ ва терроризму экстремизм дар кофтукови байналмилалӣ қарор доранд, боздошт ва ба Тоҷикистон баргардонида мешаванд. Ин нафарон бо ҳама ҷиноятҳои содиркардаи хеш имрӯзҳо шарм надошта, тариқи расонаҳои ифротӣ худро бегуноҳу мазлум нишон медиҳанд. Вале аъмоли содирнамудаи онҳо, ки саросар ҷиноят аст, бо ин бечоранолиҳо тағйир нахоҳад кард ва аз зеҳни мардум онро наметавон пок сохт.

Валиев Суҳроб,  мудири шуъбаи таблиғот,иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg