БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАЗИФАИ АВВАЛИНДАРАҶАИ МО ҶАВОНОН ҲИФЗУ НИГАҲДОРИИ ФАРҲАНГ АСТ

АНДЕША. Мо ҷавонони давраи истиқлол барои пешрафти ҷомеаи муосир чӣ нақшеро созгорем? Мо худ ҷавон ҳастем, оё метавонем шахси бефарҳангу бемаърифат бошем? Далели оддитаринаш ҳамин аст, ки мо байни худ муколамаи хуб надорем. Дар кӯча рафтору кирдорамон бениҳоят бад аст. Байни омма якдигарро суханҳои қабеҳ мегӯем. То ҷое, ки модару хоҳар ва хонаводаи якдигарро дашном медиҳем. Ба иззати нафси якдигар мерасем, амалҳои ношоиставу зишт анҷом медиҳем, ки боиси хиҷолату шармандагист.  

Ҳеҷ кадоми мо ҳуқуқи маънавие надорем, ки шахсияти нафари дигарро таҳқир созем. Ҷавонӣ як маротиба меояд, вале дар баробари ҷавонӣ, инчунин кӯдакӣ, давраи мактабхонӣ, давраи донишҷӯӣ, миёнасоли, пиронсолӣ ҳам давраи умри инсонист. Ҳар як марҳиларо ғанимат шуморидан бамаврид аст. Зеро ҳаёти инсон марҳилаҳои махсусро фарогир аст.

Муоширати аксар ҷавонон дар кӯчаю ҷойҳои ҷамъиятӣ боиси нигаронист. Махсусан муоширати беадабонаи ҷавонон ба духтарон таассуфовар аст. Дигар паҳлуи масъала ин фиребгарию қалобии мо, ҷавонон аст. Мо, ҷавонон ба ҳамдигар дӯстӣ мекунем, аммо чӣ гуна дӯст ҳастем, касе пайхас намекунад. Дӯстони тассодуфӣ, яъне дӯстони нонию забонӣ ҳастем. Худро бекинаю беозор нишон медиҳем, вале дарун пур аз аламу ҳасрат аст. Дар ин ҷомеа кӣ сазовори номи дӯсти ҷониро дорад? Ман? Ту? Вай? Ӯ? Фикр мекунам, ҳеҷ кадомамон хуб нестем. Ҳамеша бар нафъи худ кор мекунем, якдигаро истифода мебарем, қалби қаллобӣ дорем. Ана ҳамин аст бештару бештар ба гурӯҳҳои хусусияти террористию экстремистӣ пайвастани мо, ҷавонон. Паҳлуи дигар масъала кам рӯ овардани мо, ҷавонон ба илму маориф аст. Имрузҳо ҷавонони мо ба телефонҳои мобили таваҷҷуҳи зиёд доранд. Шояд дар телефонҳо мобилиҳам китобҳои электрониро ҷой додан мумкин бошад, вале он ҳеҷ гоҳ ҷои китобро гирифта наметавонад. Аввалан телефон ба саломатиамон зарар дорад, асабро хаста мегардонад нури чашмро хира мегардонад. Вакте вориди системаи, телефон, ки шудем, дигар фикри хонданро тамоман фаромӯш мекунем. Дар ин ҳолат мо ба дониши худамон боварӣ накарда, касбамонро нодуруст интихоб мекунем, волидонамон бошанд бо азобу машаққат кор мекунанд арақи ҷабин мерезонанд, то дар оянда мо соҳиби вазифа ва як  пора нон шавем.

Аммо мо бошем ба азобу машақати волидонамон нигоҳ накарда,  маблағи додаашонро ба телефонҳо мобилӣ ва  ба бозиҳои компютерӣ истифода мебарем. Онҳо бо сад умеду орзу моро бузург мекунанд, то дар оянда дастгиру мададгори онҳо бошем.

Вазифаи аввалиндараҷаи мо, ҷавонон ҳифзу нигаҳдории фарҳанг ва ба насли оянда беолоиш боқӣ гузоштани он мебошад. Пас биёед бикӯшем, то фарҳангу маданияти мардумамонро ҳифз кунем. 

Каниева Низора,  мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg