БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБИАТИ ЗЕБО - МОЯИ ИФТИХОРИ ОДАМИЯТ

АНДЕША. Табиат барои инсон аҳамияти калон дошта, инсон ҳамеша ба табиат ва сарватҳои он ниёз дорад.  Зеро ки он ҷисмҳо, аз ҷумлаи об, хок, бод, ҳаво, тамоми растаниҳо ва набототе, ки дар табиат мавҷуданд, ба инсон алоқамандии зич доранд. Ҳамаи мо медонем, ки об манбаи ҳаёт буда, бе истеъмоли об инсон зинда буда наметавонад. Ҳамаи мавҷудоти зиндаи олам – ҳайвонот ва растаниву наботот низ ба об вобастагӣ доранд.

Хок ҳам нақши худро дошта, дар он тамоми растаниҳо, зироатҳову  сабзавотҳо ва гулу гиёҳҳо парвариш карда мешаванд, ки барои инсон заруранд. Хок боз як хусусияти хуби дигаре дорад, ки дар зери худ тамоми ифлосию ҷисмҳои фавтидаи одамону ҳайвоноти талафёфтаро ниҳон намуда, моро аз вайрон гаштани боду ҳаво эмин медорад.

Боду ҳавои тоза низ манбаи нафаскашӣ ва осоишу роҳатии ҷисмҳои зиндаи рӯи замин мебошад. Мо – инсонҳо аз ҳавои тоза мо нафаси бароҳат мегирем, нашъунамо меёбем, тансиҳату осуда зиндагонӣ мекунем. Ҳавои бад ва ифлосии муҳити атроф ба саломатии инсон зарар оварда, онро ба ҳар бемориҳо гирифтор мегардонад.

Сарватҳои зеризаминӣ низ яке аз захираҳои бузурги табиатанд, ки инсонҳо пайваста аз онҳо истифода бурда, ҳаёти худро рангину пуртароват месозад.

Гулу гиёҳҳо ва растаниҳо ҳамчун манбаи дору барои даво бахшидан ба дарди инсонҳо истифода мегарданд. Модоме ки ҳамаи ин сарватҳои табиат ба инсоният руҳу тавон ва бузургӣ мебахшанд, чаро мо онҳоро азиз надорем, чаро мо онҳоро ҳифз накунем.

Мутаассифона, дар ҷомеа инсонҳое ёфт мешаванд, ки табиат ва сарватҳои онро қадр накарда, дидаву дониста онҳоро поймол ва ифлос менамоянд. Масалан, ба об партовҳоро мепартоянд, дарахтонро мешикананд ва мебурранд, нисбати растаниҳо, гулу гиёҳҳо ва дарахтон беаҳамиятӣ зоҳир намуда, онҳоро мекананд ва дар оташдонҳо мепартоянд. Бо дуди ғалис обу ҳаворо ифлос ва заҳролуд мегардонанд. Ин қабил одамон барои манфиати хеш ба чунин корҳо даст мезананд, аммо дар бораи ба талафот додани табиати атроф фикр намекунанд. Ин гуна одамонро бояд фаҳмонд ва назорат кард, ки нисбати табиат ва сарватҳои он беэътиноӣ накунанд. Зеро ки табиат бо зебогии худ ба ҳар як шахс нафаси тоза, ҳаёти осуда ва саломатӣ мебахшад.

Кишвари мо табиати хеле бой, бузургу нодир ва рангину ҷолиб дорад, ки дар васфаш ҳазорҳо ҳазор сухан гуфтан кам аст. Мо бояд табиат ва сарватҳои онро чун гавҳараки чашм тоза нигоҳ дошта, доимо баҳри зебогии он бикӯшем.

Умедаи Акрамзода, сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg