БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЧАРО ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ НИСБАТИ ҚАЗИЯИ АФҒОНИСТОН БЕТАРАФ АСТ?

АНДЕША.  Ба ҳамагон маълум аст, ки гурӯҳи "Толибон" нимаи дуюми моҳи август ҳукумати қонунии Афғонистонро пурра ғасб намуда,  қудратро зӯран ба воситаи силоҳ ба даст оварданд.

Ҳукумати Толибон қонунҳоеро болои сари сокинон ҷорӣ менамоянд, ки на меъёри байналмиллалӣ дораду на меъёри шаръӣ. Онҳо ҳукумати худро Аморати исломӣ эълон карда, низомеро амалӣ менамоянд, ки ба ягон сохти давлатдорӣ ҷавобгӯ набуда, ба ин восита мехоҳанд ба мардум  шиканҷа, қатлу куштор ва ғоратгарӣ кунанд, инчунин давлатро бо роҳи зӯрӣ идора намоянд.

Толибон умуман фарҳанг ва таҷрибаи роҳбарӣ надоранд. Зимнан қазоват бояд кард, ки шахсе ҳаёташро дар кӯҳу пушта, сарлучу пойлуч ва дур аз маданияту фарҳанги инсонӣ гузаронидааст, чӣ гуна метавонад роҳбар бошад?  Мардумро бо роҳи рост ҳидоят намояд. Аз дасти ин гурӯҳ танҳо ғоратгарӣ, ҷабру ситам ба сокинон ва куштору ҳаросафканӣ меояду халос.

Аз рӯзе, ки толибон сари қудрат омадаанд, иқтисодиёти Афғонистон даҳҳо маротиба коҳиш ёфта, робитаҳои тиҷоратӣ бо аксари давлатҳо канда шуд, ки дар натиҷа мардум сарсону саргардон гаштанд, истеҳсолот аз фаъолият боз монд, маводи озуқаворӣ камёб гардидааст ва касе намедонад, ки ояндаи ин миллат бо чӣ меанҷомад.

Толибон зери ниқоби шариат, ҳуқуқи занҳоро поймол мекунанд, ба мактаб рафтани духтарон ва ба кори давлату тиҷорат машғул шудани занону модаронро пурра манъ кардаанд. Бо баҳонаи танҳо гаштугузор кардан ва ба кор машғул шудани занҳо берун аз хона ллакай чандин занро маҳкум карда, дасту гӯши онҳоро буридаанд. Ҳамаи ин ҷабрдидагон ҳамон занон ва модарони бешавҳаре мебошанд, ки барои дарёфти ризқу рӯзии фарзандони хурдсолашон кор мекардан, то ки барои аҳли хонавода як луқма нон ёбанд.

Ягона ниҳоде, ки дар Афғнистон аз ҳуқуқи занон ҳимоят мекард ва занони Афғонистон ба воситаи ин ниҳод ҳарфу садои худро иброз медоштанд ин Кумитаи занони Афғонистон буд ва толибон фаъолияти ин сохторро барҳам дода, ба ҷояш сохтори дигаре бо номи "Амри маъруф ва наҳи мункар" таъсис доданд.

Бар замми ин ҳар касбу коре, ки аз нигоҳи толибон ҳаром гуфта мешавад аз қабили овозхонӣ, рассомӣ, навозандагӣ ҳайкалтарошӣ ва дигар касбҳои ба инҳо монандро мамнуъ эълон карда,  фаъолияти ин ҳунармандонро дар сар то сари кишвар қатъ кардаанд. Ҳатто дар якчанд ҳолат санъаткорону ҳаваскоронро бераҳмона қатл намудаанд.

Чунин афрод дар ҷомеаи Афғонистон бекор монда,  ба оилаҳои онҳо гуруснагӣ таҳдид мекунад.

Бекорӣ имрӯз дар давлати Афғонистон ба авҷи аъло расидааст. Халқ нони хӯрдан надорад ва ҳоло фасли тирамоҳу зимистон, ки мушкилии зиёд меорад, дар пеш аст.

Барои дарёфти маводи ғизоӣ аҳолӣ ҷиҳози хонаҳояшонро ба фурӯш мегузоранд. Ҳатто тибқи маълумотҳои шабакаҳои телевизионӣ мардум барои дарёфти ғизо замин ва хонаҳояшонро мефурӯшанд, занону модарони бешавҳар аз сахтии рӯзгор духтарон ва писарони худро ба канизию ғуломӣ фурӯухтаанд.

Толибон ба ин сахтиҳои рӯзгор нигоҳ накарда, ба ҷои пайдо кардани роҳи ҳалли ин мушкилот, худашон шабона ба хонаҳои сокинон даромада мардумро ғорат карда охирин маводи ғизоии аҳолиро бо роҳи зӯрӣ аз худ мекунанд ва рӯзи дигар ҷавонони бегуноҳро дастгир карда, дар ғоратгарии шабонаашон айбдор карда  ваҳшиёна ба дор меовезанд.

Нигаронии  асосии халқи Афғонистон ва давлатҳои ҳамҷавор дар он аст, ки ҳукумати толибон пурра аз ҳисоби қавми паштун таъсис ёфта, ҳамашумул намебошад. Ҳатто аксарияти аъзои ҳукумати тозаинтихоби толибон дар рӯйхати террористони байналмиллалӣ буда, ин афрод барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле хатарнок мебошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарварони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе баргузор гардид,  бори дигар таваҷҷуҳи роҳбарони давлатҳоро ба қазияи Афғонистон ҷалб карда таъкид намуданд, ки "Вазъи фалокатбор дар Афғонистон бевосита ба амнияти Осиёи марказӣ таъсир мерасонад, вазъияти мураккаб ва хатарноке, ки дар ин кишвар ба вуҷуд омадааст, на танҳо мушкили мардуми Афғонистон, балки ба яке аз мушкилоти шадидтарини минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил меёбад".

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ аз вазъияти вилояти Панҷшер, ягона минтақаи пурра тасарруфнашудаи Афғонистон, ки ҳоло дар муҳосираи комил қарор дорад, изҳори нигаронӣ карда, зикр намуданд, ки гурӯҳи "Толибон" ба ваъдаҳои худ дар ташкили ҳукумати фарогир бо иштироки васеи дигар нерӯҳои сиёсӣ ва қавмҳои маскуни ин кишвар амал накарданд. Дар идома дафъатан таъкид гардид, ки "Тоҷикистон ҳамаи шаклҳои беқонунӣ ва таъқиби мардуми Афғонистонро шадидан маҳкум мекунад"

Воқеан толибон имрӯз бо баҳонаи муқовимат бо ҷабҳаи миллӣ дар вилояти Панҷшер, ки сокинонаш ҳамагӣ тоҷик мебошанд,  ба аҳолии осоишта ҳамла намуда,  ҳар рӯз ба қатлу ғоратгарӣ даст мезананд. Ин минтақаро аз дастрасӣ ба барқу алоқа ва интернет маҳрум карда тамоми роҳҳои стратегиро зери назорат доранд то касе аз минтақа берун набарояд ва маводи ғизоӣ ба аҳолии Панҷшер дастрас карда нашавад.

Амалҳое, ки гурӯҳи толибон нисбати аҳолии Панҷшер анҷом медиҳанд, хилофи қавонини байналмиллалӣ мебошад. Аҳолии Панҷшер дар муҳосираи гурӯҳи толибон қарор дошта, дастрасӣ ба оддитарин шароитро надоранд. Маводи озуқаворӣ хеле камёб гардидааст. Ташкилотҳои байналмиллалӣ аз ин қазия огаҳанд, аммо умуман кумак намерасонанд.

Хусусан Созмони миллали муттаҳид, ташкилоти байналмиллалии Салиби Сурх ва дигар ташкилоту созмонҳои пурнуфузи ҷаҳонӣ, ки вазифаи асосии онҳо ба эътидол овардани вазъият, таъмини аҳолии ҷангзада бо хӯрокворӣ ва доруворӣ ва сари мизи гуфтушунид гирд овардани ҷонибҳои даргир мебошад, ин вазъиятро нодида гирифта ва гӯё аз ин воқеа умуман хабар надоранд.

Аксарияти давлатҳои ҷаҳон ба ин қазия аз дур назар андохта интизори бо чӣ анҷомидани ин бесарусомонӣ дар Афғонистон мебошанд.

Баъзе давлатҳои минтақа ба ҷои бар зидди гурӯҳи толибон муттаҳид шудан, бо онҳо робитаҳои дипломатӣ барқарор намуда ҳатто кумак низ мерасонанд.

Абарқудратҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин нуқта диққат диҳанд, ки бетарафии дигарбораи давлатҳо нисбат ба қазияи Афғонистон ва манфиатҷӯии кишварҳои алоҳида дар ин мамлакат метавонад оқибатҳои даҳшатборе ба сари аҳолии осоиштаи олам ба бор орад.

Ё ба таъкиди Сарвари давлати мо:

"Бетарафии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъи кунунии Афғонистон метавонад на танҳо ба ҷанги тӯлонии шаҳрвандӣ дар ин кишвар, балки ба рӯйдодҳои фоҷиаборӣ аз ҷиҳати миқёс баробар ба ҳамлаҳои террористии соли 2001 оварда расонад".

 Зоиров С., муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg