БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛ - ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ ТОҶИКИСТОН

АНДЕША. Халқи тоҷик таърихи бой, қадима, бошарафонаю ифтихормандонае дорад. Таърихи халқи тоҷик аз замонҳои қадим ибтидо гирифта, то ба рўзҳои мо омада расидааст. Роҳи тайкардаи халқи тоҷик, комёбиҳои ба дастовардаи ў дар ин муддати дуру дарози таърихӣ, дар натиҷаи муборизаҳои шадид ва оштинопазир бар зидди ҳама гуна душманони дохилӣ ва берунӣ, баҳри озодӣ ва истиқлолият ба амал омадааст.

Гузаштагони дури халқи тоҷик, ки мо онҳоро ниёгон ном мебарем, чандин давлатдории аҷдодӣ ва тохтутозҳои хонумонсўзи аҷнабиён, аз ҷумла истилогарони юнону мақдунӣ, арабҳо, туркони салҷуқӣ, муғулҳо ва бисёре аз золимону хунхорони дигарро паси сар карда, бо меҳнати ҳалолу хиради шоистаи худ дар таърихи башар номи нек гузоштаанд.

Гузаштагони ифтихорманди дури мо – тоҷикон баҳри озодӣ ва истиқлолият, дар кори созандагию бунёдкорӣ хизматҳои басе шоёну намоёне карда, дар бунёди шаҳрҳо, роҳҳо, қасрҳою кушкҳо, пешравии илму дониш ҳиссаи бузурге нигоштаанд.

Дастовардҳои аз ҳама бузурги халқи тоҷик дар замони давлатдории Сомониён ба амал омада буд. Асосгузори давлати Сомониён Исмоили Сомонӣ, ки худ марди далеру шуҷоъ, озодихоҳу ватанпарвар, сиёсатмадору фарҳангдўст буд, мардуми сарсону парешони тоҷикро ба ҳам овард, муттаҳид сохт, озодию осудагӣ бахшид, давлати аввалини тоҷикон – давлати Сомониёнро асос гузошт ва худ нахустин амири он гардид. Вале давлатдории Сомониён дер давом накард. Ҳамагӣ 125 сол вуҷуд дошт. Соли 999 дар натиҷаи ҳуҷуми қабилаҳои туркнажоди Қарахониёну Ғазнавиён, хиёнаткорони афроди дохилӣ, давлати Сомониён аз миён рафт, озодӣ ва истиқлолияти нисбии ба дастовардаи тоҷикон дар замони Сомониён дар саҳифаҳои беадолатии таърих монданду халос. Бо сукути давлати Сомониён, тоҷикон аз соли 999 то соли 1991, яъне зиёда аз 1000 сол аз давлату давлатдорӣ маҳрум гатанд.

Дуруст аст, ки соли 1924 дар натиҷаи тақсимбандии сарзамини Осиёи Миёна, чуноне, ки мегўем, тақсимоти марзӣ – ҳудудӣ, ки Ҳокимияти Шўравӣ ва ҳизби коммунистӣ гузаронида буданд, тоҷикон аввал соҳиби ҷумҳурии худмухтор (автономӣ), пасон соли 1929 соҳиби ҷумҳурии мустақил гаштанд, яъне то андозае озодию истиқлолият ба даст оварданд. Вале дар ин ҷо ҳам таърих ба халқи тоҷик беадолатӣ кард. Бо хиёнату ҷинояти миллатчиёни худию бегона тоҷикон аз бисёре аз минтақаҳо, аз ҷумла шаҳрҳои қадимаи бостонии худ Бухорою Самарқанд, як даврае Хуҷанд маҳрум монданд.

Боиси хурсандӣ ва рўҳбаландии калон буд, ки соли 1991 дар натиҷаи аз миён рафтани давлати шўравӣ халқи тоҷик маротибаи дувум дар таърих озодӣ ва истиқлолият ба даст овард. Тоҷикистон ҷумҳурии соҳибистиқлол эълон гашт, роҳи демократиякунонӣ, созандагӣ ва бунёдкориро пеша намуд. Вале, дар он рўзҳои ниҳоят ҳам ҳасосу тақдирсоз қувваҳои зиёди бадкору моҷароҷўй, мансабхоҳу вазифаталаб мардуми зиёд, хусусан ҷавонони аз сиёсат хому аз таърих ноогоҳро ба сангарҳо ва муқовиматҳои зиддиякдигарӣ кашиданд. Мутаассифона, сарварони ҳамонрўзаи Тоҷикистон ҳам беҷуръатию ноуҳдабароӣ намуда, пеши роҳи он даргириҳоро гирифта натавонистанд. Тоҷикистон ба гирдоби фалокат – ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Ҷанг бошад, ҳисороти зиёди ҷонию молӣ ба бор овард. Маҳз, ҳамон рўзҳои сиёҳ, фоҷиабори ба сари мардуми Тоҷикистон омадаро ба ёд оварда шоири тавоно – Лоиқ гуфта буданд:

Мулк сангистону мо бе сангарем,

Сар ба сар сардору мо бесарварем.

Фахри мо бошад сари боми ҷаҳон,

Хок бар сармон, ки бебому дарем...

Ҳамаи ин гуфтаҳо, сўзу гудозҳо шаҳодат бар он буданд, ки бедорию ҳушёрии миллӣ, ҳисси баланди худбинию худшиносии миллӣ дар бисёре аз ҳамватанони мо тоҷикон он рўзҳо ба амал наомада буданд. Вагарна чаро халқу миллате чун тоҷикон, ки таъриху тамаддун, маърифати беш аз ҳашт ҳазор сола доранд, панду андарзҳои паёмбаронаи Зардушт – «пиндори нек, кирдори нек, рафтори нек»-ро сармашқи кори худ карда буданд, даст ба гиребони якдигар зада, душманию бадбахтиро алайҳи ҳамдигар ба амал оварданд.

Мутаассифона, дар он рўзҳои пурваҳшату пурдаҳшат қисме аз зиёиёни рўшанфикри тоҷик бепарвогию бетафовутӣ зоҳир намуда, пеши роҳи хатари марговари ба сари халқи тоҷику Тоҷикистон омадаро гирифта натавонистанд. Қисми дигаре бошад, ошкорою пинҳонӣ амал намуда, ба ҳар роҳу восита тазоҳуротчиёнро дастгирӣ намуданд.

Дар чунин лаҳзаҳои ҳассосу хатаровар, марди оқилу фозил, абармарди таърихи сиёсат Эмомалӣ Раҳмон ба сари давлат омад. Дар ҷаласаи XVI Шўрои Олии Тоҷикистон, ноябри соли 1992 ў Раиси Ҳукумат интихоб гардид. Чунин рӯйдоди бузурги таърихиро шоири шинохтаи тоҷик Амиршоҳи Хатлонӣ дар достони «Ҷаласаи қисмат» чунин гуворо ба қалам додааст:

Вакилон даъваташ бар тахт карданд,

Ватанро рў ба рў бо бахт карданд.

Барои халқу меҳан раҳнамо шуд,

Мукофоти Худо аз баҳри мо шуд.

Раиси нави тозаинтихоб Эмомалӣ Раҳмон тибқи қарорҳои ҷаласаи XVI Шўрои Олӣ амал намуда, тавонист дар муддати кўтоҳ ба ҳама гуна низою нифоқ, хотима бахшанд. Сулҳу салоҳ, дўстию бародарӣ ва якпорчагии кишварро таъмин намоянд.

Инҷо таъкидан хотиррасон бояд кард, ки ҳоло ҳам бадхоҳону бадбинони Тоҷикистон зиёданд. Аз ин рў, ҳамаи моро зарур аст, ки аз гузаштаи таърихи худ сабақ гирифта, баҳри осудагӣ ва шукуфоии ватанамон боз ҳам бештар ҷаҳдҳо намоем. Донишҷўёнамон, шогирдонамонро дар руҳияи бедорию ҳушёрии сиёсӣ, ватандорию масъулиятшиносӣ омода созем. Дар ин самтҳо: таърихшиносон, сиёсатшиносон, кулли устодони риштаҳои ҷомеашиносӣ, дастгоҳҳои тарбиявии донишгоҳ, рўзномаи «Фурўғ» хеле кушоишҳоро ҳаллу фасл карда метавонанд.

Ҳамин тавр, халқи тоҷик дар муддати таърихи давлатдории худ, баҳри ба даст овардани истиқлолият, сулҳу ваҳдат, бутунию якпорчагии Тоҷикистон талошҳо варзида, билохира ба ҳадафҳои деринаи худ ноил гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоли имрўзаи мо ҳоло дар байни 196 давлати олам яке аз поягузори сулҳу ваҳдат, озодию истиқлолият ҳисобида шуда, ҳамаҷониба эътирофу шинохта шудааст. 30 соли истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, натиҷа ва сабақаи бузурги ватандорӣ ва эҳёи халқи тоҷик, қадамҳои уствор ва боварибахши ў ба ҷониби оромию осудагии бардавом аст.

Абдукибор Гадозода, профессори  ДДБ ба номи Носири Хусрав, сокиин шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg