БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБИ ДИЁРАМ МУСАФФОСТ

АНДЕША. Мо бояд ифтихор намоем, ки дар кишваре ҳаёт ба сар мебарем, ки дорои оби мусафо мебошад. Обҳои диёри мо аз лиҳози таркиби кимиёвӣ бой буда, ба саломатии инсон манфиатовар мебошад. Инчунин, мо обҳоеро дорем, ки шифобахш буда, ба садҳо беморӣ манфиатбахш мебошанд. Вазифаи шаҳрвандии мо дар он аст, ки ҷиҳати ҳифз ва дар шароити хуб нигоҳ доштани ин неъмати бузург бетраф набошем. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон таъкид намуданд, ки: «ҳарчанд мо дар саргаҳи обҳои мусаффо қарор дорем, бояд ба шукронаи ин неъмати бузурги табиат ҳамеша сариштакор бошем ва аз захираҳои об оқилонаву сарфакорона истифода намоем».

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз замонҳои соҳибистиқлолӣ дар минбарҳои Созмони Миллали Муттаҳид ҷиҳати сариштакоронаву сарфакорона истифодабарии об таъкиду пешниҳодҳо ба ҷомеаи башарӣ намуданд.

Санаи 21 декабри соли 2016 Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028”-ро қабул намуд. Тибқи маълумот ва таҳлилҳои коршиносон, шумораи аҳолии сайёра то солҳои 2050 ба беш аз 9 миллиард нафар мерасад, ки ба афзоиши истеъмоли об боис мегардад. Илова бар ин, бар асари таъсири тағйирёбии иқлим дар давраи зикршуда, аллакай зиёда аз 50 дарсади аҳолии ҷаҳон бо мушкилии норасоии об рӯ ба рӯ мегардад.

Мувофиқи ҳисоботи Созмони Милали Муттаҳид, то соли 2025 аз се ду ҳиссаи аҳолии олам ба мушкилоти норасоии об дучор мегардад. Ин вазъият қариб тамоми дунёро ба ташвиш овардааст. Аз ин рӯ, ҳифзи захираҳои обӣ ва истифодаи сарфакоронаи онҳо яке аз масъалаҳои асосии имрӯзаи ҷаҳон аст.

Мо шаҳрвандони Тоҷикистонро зарур аст,ки сад бор шукр ба ин неъмати дунё намуда, онро ҳифз ва сарфакорона истифода намоем. Аз ифлосшавӣ обро нигоҳ дорем. Диёри мо дорои оби мусаффо мебошад, ки сайёҳон аз об ва табиати мо ҳасуд мехӯранд.

Мирзоев Сафаралӣ, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg