БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ” ДАР ДЕҲАИ НАВОБОД

ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва саҳм гузоштан дар ободии оромгоҳҳо дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Тугарак амалиёти умумивилоятии “Рӯзи ёдоварӣ” гузаронида шуд.

Дар ин амалиёт зиёда аз 164 нафар аъзои фаъол ва ҷонибдорони ҳизб иштирок намуда, дар корҳои тозакунии дохил ва атрофи оромгоҳ аз алафу хошок ва партовҳо саҳми арзандаи хешро гузоштанд.

Ногуфта намонад, ки дар аксияи баргузоргардида, масъулини ҳизбӣ низ иштирок намуда, мазмун ва муҳтавои амалиёти мазкурро ба сокинон фаҳмониданд. Сокинон дар ҷавоб иброз доштанд, ки минбаъд низ дар амалиёти мазкур фаъолона иштирок намуда, барои шод намудани рӯҳи гузаштагон ва тоза нигоҳ доштани оромгоҳҳо саҳми худро мегузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg