БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН БО ОБИ ОШОМИДАНӢ ТАЪМИН МЕГАРДАНД

ВОСЕЪ. Дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028” ва бо мақсади саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву ободонӣ, ҳамчунин таъмин намудани аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ дар деҳаи Ҷаврези ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ корҳои кандани қубури об оғоз гардид.

Бояд қайд намоем, ки ин кори муҳим бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ, фаъолон ва сокинон амалӣ гардида истодааст.

Зимни суҳбат бо саҳмгузорони ин иқдоми нек масъулини ҳизбӣ,  иброз доштанд, ки мардуми меҳнатдӯсти ноҳияи Восеъ дар баробари дигар сокинони шаҳру ноҳияҳои мамлакат иқдоми созандаи муҳтарам Пешвои миллатро дар амал татбиқ намуда, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум корҳои назаррас амалӣ намуда истодаанд. Таъмин кардани аҳолии деҳаи Ҷаврез бо оби босифати ошомиданӣ аз ҷумлаи онҳост.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg