БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАЪОЛОН БО СИПОСНОМАҲО ҚАДРДОНӢ ГАРДИДАНД

ВОСЕЪ. Дар ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ вохӯрии судманд баргузор гардид. Дар вохӯрӣ раиси КИ ҲХДТ дар н. Восеъ Сафар Ҳ. Р, раиси ҷамоати шаҳраки Ҳулбук Абдукаримов Ҳикматулло, раисони маҳаллаву кӯчаҳои ҷамоати номбурда, аъзоён ва фаъолони ҲХДТ иштирок намуданд.

Зимни вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза оид ба ҷоннок намудани корҳо дар самти ҷалби шаҳрвандон ба обунашавӣ ба рӯзномаҳои ҳизбӣ баромад намуда, таъкид дошт, ки рӯзномаҳои ҳизбӣ бо маводҳои рангину ҷолиб ба нашр бароварда мешавад, ки ин боиси зиёд гардидани ҳаводорони нашрияҳо мегардад.

Дар идома Абдукаримов Ҳикматулло барои саҳми муносиб  гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  ҷамъомадагон миннатдории хешро баён намуд.

Дар охир якчанд нафар фаъолон барои саҳми муносиб барои сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg