БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ НАВБАТИИ ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ БО СОКИНОН

ЛЕВАКАНТ. Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо роҳбарии муовини раиси шаҳр Саидзода Абдусатор, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Олимзода Низора, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Султонов Ҳикматулло ва дигар фаъолон бо сокинони деҳаи Сарбанди ҷамоати деҳоти Ваҳдат,  ки беш аз 50 нафарро ташкил мекарданд, вохӯрӣ доир намуданд.

Мақсад аз ин вохӯрӣ тибқи нақшаи тасдиқнамудаи раиси шаҳри Левакант Давлатзода Зарина дар самти пешгирии ҳолатҳои таълимоти ғайриқонунии динӣ, риояи Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", Дар бораи "Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025", "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила", солимии репродуктивӣ, аз иммунизатсияи ҳатмӣ гузаштан, тоза нигоҳ доштани ҷойи зист ва маҳал, пешгирии омилҳои номатлуб, аз қабили никоҳи хешутаборӣ, нашъамандӣ, ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, хурофотпарастию ифротгароӣ, таҳсили ғайриқонунии ҷавонону наврасон дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонону наврасон буд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg