БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРТАВИ ИСТИҚЛОЛ БА ОЯНДАИ НЕК

АНДЕША. Мояи ифтихор ва сарфарозист, ки  бо  изҳори  фараҳмандӣ  ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо як ҳисси баланди ватандорию ватандӯстӣ, хештаншиносиву  меҳанпарастӣ  таҷлил  намудем.

Ин рӯзи некро мардуми мо садсолаҳо орзую умед мекарданд ва интизор буданд. Зеро Истиқлолият ба мардуми тоҷик неъмати бебаҳои дунё- озодиву сарфарозӣ ва пойдориву сарсабзӣ ато намуд, ки дар саргаҳи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - эҳёгари давлати миллӣ, меъмори сулҳу Ваҳдат қарор доранд.

Дар ин давраи кӯтоҳи таърихӣ халқи заҳматқарини ватанамон баъди пойдории сулҳу субот ва ба даст овардани ваҳдати миллӣ барои инкишофи минбаъдаи кишвар ҳадафҳои стратегии таъмини рушди босуботи иқтисодиёти Тоҷикистонро муайян намуд ва дар натиҷаи ҷаҳду талошҳои шабонарӯзӣ ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гардида, аз бумбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфта, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишварро бо дастовардҳои бузурги меҳнатӣ таъмин намуда истодааст, ки ин аз озод, соҳибихтиёр ва соҳибдавлат будани тоҷикон дарак медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки дар сиёсати дохилии кишвар мақсади асосӣ ба рушди маориф, тиб, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, тарбияи насли наврас, пурра намудани нерӯҳои илмиву техникӣ равона гардидааст, ки рушди пурвусъати  ҳамаи  соҳаҳои ҳаётро дар рӯзгори ояндаи ҷомеа таъмин менамояд. Кишвари мо сол то сол ба самтҳои нави инкишоф баромада, уфуқҳои нави иқтисодиву иҷтимоиро фатҳ хоҳад намуд.

Истиқлолияти давлатӣ барои халқи гуногунмиллати Тоҷикистон хушбахтист ва танҳо бо роҳи Ваҳдат ва меҳнати ҳалол метавонем истиқлоли худро ҳифз намоем ва Ватани азизамонро ободу зебо гардонем. Ҳамаи ин ҳадафҳо танҳо ба воситаи илму дониш, ақлу заковат ва меҳнат-дӯстӣ муяссар мегардад.

Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри ин дастоварди таърихӣ расем, зеро Истиқлол барои ҳар фарди соҳибдилу ватандӯсти кишвари биҳиштосоямон саломатӣ, бахту  саодат, зиндагии осуда ва комёбӣ  меорад.

Ҳасан Сатторов, мудири  шуъбаи  молия - сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  шаҳри  Норак

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg