БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОИЛА ҶУЗЪЕ АЗ ҶОМЕА

АНДЕША.  Оила асоси давлат аст. Чи тавре, ки иморат аз хиштҳо бунёд меёбад, давлат ҳам  аз оилаҳо ташкил мегардад.  Бинобар ин  вазъияти оила ба ҳаёти  ҷамъиятии давлат таъсири бевосита  мерасонад. Оила дар назди ҷамъият вазифадор аст. Таъсири оила ба ҳаёти  ҷамъиятии давлат ба воситаи чӣ тавр  иҷро намудани вазифаҳояш сурат мегирад.

Яке аз вазифаҳои муҳими оила дар назди ҷамъият ин таҷдиди аҳолӣ мебошад ва  ба ҳамаи мо маълум аст, ки фарзандон ба воя мерасанд.

Фарзанд азиз, одобаш азизтар мегӯянд мақоли халқ, кори муҳим ва асосӣ  тарбия намудан ва бомаърифат, хушодобу меҳнатдӯст ба воя расонидани фарзанд мебошад. Ин вазифаи муҳим ба оила вобаста мебошад ва тайёр намудани фарзандон  ба ҳаёти мустақил аз ҳама  пеш вазифаи падару модарон аст.

Волидон вазифадоранд, ки ба фарзанд дар мавзӯҳои оиладорӣ, рӯзғордорӣ, меҳмондорӣ, муносибат ба хешу табори тарафайн  ва тарбияи фарзанд суҳбатҳо  гузаронанд ва дар ин кор анъанаҳои  беҳтарини халқи тоҷикро истифода намоянд.

Вазифаи дигаре, ки дар назди ҳар оила меистад ин тарбияи хоҷагидорӣ ва меҳнатдӯстии фарзандон мебошад. Муҳаббат ба меҳнат аз овони  кӯдакӣ тарбия карда мешавад. Муносибати софдилонаи аъзоёни калонсоли  оила ба меҳнат ба бачаҳо таъсири  мусбат мерасонад. Қадамҳои  нахустини роҳи меҳнатдӯстиро бачаҳо аз падару модарон меомӯзанд.

Дар деҳаву маҳал  ҳар оила барои кишту кори шахси дар  назди хона замин  доранд ва барои рӯёндани маҳсулот ҳамаи аъзоёни оила дар он ҷо  меҳнат  мекунанд. Ҳосиле, ки оила аз замини  назди ҳавлигӣ мерӯёнад на танҳо  барои истеҳсоли худи онҳо, балки  қисме аз он барои дар бозор  ба аҳолӣ фурӯхтан истифода мегардад.

Дар Тоҷикистон саҳми хоҷагиҳои шахсӣ дар таъмини ҷамъияти  бо маводи хӯрока, аз қабили гушт, шир, тухм, маҳсулоти кишоварзӣ хеле калон аст.

Меҳнат кардан дар замини назди  ҳавлигӣ, нигоҳ  доштани чорвои шахсӣ ва анҷом додани корҳои хоҷагии оила, иштироки ҳамаи аъзоёни оиларо талаб мекунад. Аз ин рӯ, бачаҳову духтарони қишлоқ аз хурдӣ ба кори хоҷагидорӣ ҷалб карда мешаванд, ки ин барои  онҳо як мактаби тарбияи меҳнатию хоҷагидорӣ мегардад. Дар деҳот  баробари падару модарон, писарону духтарон ҳам ба корӣ хоҷагии оила  машғуланд. Бачаҳо дар замини назди ҳавлӣ кор мекунанд, меваю  сабзавот ҷамъ меоваранд, барои чорво хошок захира мекунанд. Онҳо  ҳамчун шахсӣ дар меҳнат обутобёфта ба камолот мерасанд ва  таҷрибаи андӯхтаи худро барои тарбияи  фарзандони ояндаи хеш истифода  мебаранд.

Падару Модар дар оила ашхосӣ  муътабаранд.  Дар тули зиндагӣ ва оиладорӣ  таҷрибаи бузургӣ рӯзгорро андӯхтаанд. Онҳо ҳеҷ гоҳ ба фарзандони худ бадиро раво намедонанд ва мудом дар фикри хушбахтии онҳо мебошад.

Фарзандон ҳам, бояд  волидайнро маслиҳатгари аввалини худ донанд ва барои осон намудани ҳар мушкилие, ки  ҳаёт ё рӯзгор пеши онҳо мегузорад барои маслиҳат ба онҳо муроҷиат  намоянд.

Оре, дар оилае, ки дар он тифоқию дӯстӣ, шафқату хайрхоҳӣ ҳукумрон  аст, оилаи хушбахт мебошад ва фарзандон ҳам шоду хуррам зиндагӣ намуда, дар оянда кӯшиш мекунанд, ки оилаҳои онҳо ҳам чунин бошанд.

ВОҲИД  Дилафрӯз Сафарӣ -  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg