БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАТБУОТ ЧАШМУ ГӮШИ ХАЛҚ!

ВОСЕЪ. Матбуот дар ҳама давр минбари розу ниёз ва ғанӣ гардонидани маънавиёти инсон буду ҳаст. Дар ноҳияи Восеъ таблиғи нашрияҳои ҳизбӣ, ки барои минбаъд баланд бардоштани маърифати сиёсии ҳизбиён ва ҷонибдорон мусоидат менамояд, хеле ҷоннок карда шудааст. Имрӯз на фақат аъзои ҳизб, балки тамоми мардуми ноҳия ихлосманди рӯзномаҳои “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” мебошанд.

Бо мақсади сари вақт ва пурра иҷро намудани нақшаи “Обуна-2022” ба рӯзномаҳои ҳизбии “Минбари Халқ” ва “Ҳамрози халқ” масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ суҳбату мулоқотҳоро дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо роҳбарон ва масъулони ташкилот ба роҳ монда истодаанд.

Дирӯз масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар  бозори “Тоҷикматлубот”-и ноҳия оид ба маъракаи «Обуна-2022» ба рӯзномаҳои “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” мулоқот доир намуданд. Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сафар Ҳ.Р суханронӣ намуда, ба сокинон оиди нашрияҳои ҳизбӣ маълумот дод.

Дар охир ҷиҳати ҳавасманд гардонидани аҳолӣ аз тарафи масъулини ҳизбӣ ба онҳо нашрияҳои ҳизбӣ дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg