БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ҶАВОНОН ВА ОМӮЗГОРОН

ДӮСТӢ. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроия дар МТМУ №1, суҳбату вохӯрӣ бо ҷавонон, омӯзгорон ва Кумитаи падару модарон баргузор карда шуд.

Зимни суҳбат мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Ҷалолов Абубакр оиди риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", беҳтар гардонидани сатҳи таълиму тарбия дар муассисаи таълимӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.

Дар суҳбат қайд гардид, ки ҷалби ҷавонон ба корҳои ободонию созандагӣ, иштироки фаъолонаи онҳо дар чорабиниҳои фарҳангию ҷамъиятӣ ва ихтиёран хизмат намудан дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи ҳар яки мо мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg