БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АРЗАНДА АСТ, КИ БАРОИ ОБОДИИ ВАТАН ЗАҲМАТ КАШЕМ

ВОСЕЪ. Дар ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сокинон баҳри ободу зебову гардонидани як гӯшаи диёр саҳми муносиби худро гузоштанд.

Бояд қайд намоем, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд ба истифода додани иншооти ҷашни бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гирду атрофи меҳмонхонаи “Сайёҳон” корҳои ободкорӣ гузаронида шуд.

Дар чорабинии баргузоргардида, сокинони меҳнатдӯсти ҷамоати деҳоти мазкур ба ҳашар баромада, бехи дарахтони сояафкан ва ҳамешасабзро нарм намуда, заминҳоро аз алафҳои бегонаву худрӯй ва хасу хошок тоза карданд.

Зимни суҳбат яке аз сокинон иброз намуд, ки арзанда аст, ки барои ободии Ватан заҳмат кашем, баҳри шукуфоии деҳаи худ саҳмгузор бошем ва бо ин амали худ намунаи ибрат барои насли оянда гардем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg