БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАШАББУС ВА ҶОНБОЗИҲОИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ БАҲРИ БА ДАСТ ОВАРДАНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

АНДЕША. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати тоҷик дастоварди бузурги таърихист. Баъди ҳазор сол миллати тоҷик тавонист, ки дигарбора соҳиби давлати соҳибихтиёрии худ гардад. Ва ин дастовард барои миллати тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст ва ин дастовард барои ҳар як сокини ин миллат роҳи нав, роҳи пешрафту дигаргунӣ, худшиносии миллиро эҳё намуд.

Бояд гуфт, ки дар ҳамаи ин дастовардҳо пешрафтҳо саҳми фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо калон аст. Агар гўем шахсан ин абармарди арсаи сиёсат дар шукуфоии миллату давлат, сулҳу салоҳи Тоҷикистон, беҳдошти зиндагии мардум саҳми арзанда дорад, ҳеҷ хатое нахоҳем кард.

Саҳми Пешвои маҳбуби миллатро дар кори хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор намудани сулҳу салоҳ дар Тоҷикистон хурду бузурги ин миллат ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард. Барои он, ки Тоҷикистони харобгашта  дар муддати кӯтоҳ рушд кард, тараққӣ намуд, соҳаи иҷтимоиёту зиндагии халқ хеле боло рафт. Дар як муддати кӯтоҳ чи соҳаи саноату чи хоҷагии қишлоқ пеш рафт, Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо гардид. Ба истифода додани нақбҳои гаронарзиш, сохтмони пулу роҳҳои ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгў аз зумраи онҳост.

Cарвари давлат барои миллат ва Ватани мо, барои нигоҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ, насли ояндасози ҷомеа ҷидду ҷаҳд, заҳмату талошҳо ва хизмати басо бузурге кардаанд.

Мо мардуми шарифи Тоҷикистон  ба  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боварии комил дошта, сиёсати пешгирифтаашро дастгирӣ менамоем ва баҳри рушду нумӯи рӯзафзуни Тоҷикистони азиз сидқан ҷидду ҷаҳд намуда, бо созандагиҳову бунёдкориҳо барои боз ҳам ободу зебо гардидани ин сарзамини таърихӣ саҳми муносиби худро мегузорем.

Мирзоева Гулрухсор, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg