БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОМӮЗИШИ ЗАБОН БА МАНФИАТИ ҲАР ЯК ШАХС АСТ

АНДЕША. Нафаре, ки бештар ба мутолиаи китоб машғул аст, маҳорати суханварӣ ва гуфтораш фарқият дорад. Чунин нафаронро аз оғози суханрониаш фаҳмидан мумкин аст. Нафароне, ки ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ машғул ҳастанд, ҷаҳонбинӣ ва андешарониашон низ васеъ мебошад. Ҳар як халқу миллат ба худ забурмасал ва панду андарзҳоеро дорад, ки барои ҳар як забондон таъсирӣ мусбӣ мерасонад. Нафароне, ки якчанд забони хориҷиро медонанд, ҷаҳонбинии онҳо новобаста аз сафарҳои кориашон васеъ аст. Чунки онҳо ҳангоми омӯзиши забонҳои хориҷӣ якчанд адабиётҳои гуногунро ҷиҳати мустаҳкам намудани забондониашон мутолиа менамоянд. Маҳз ин амал ба забондонии онҳо таъсири мусбӣ мерасонад.

Мо кишваре ҳастем, ки қадамҳои устуворона ба ояндаи рушд ниҳода истодаем ва дар фаъолияти соҳаҳои гунгун иқтисодиёти сабзро пеша кардаем, ки таваҷҷӯҳи сайёҳонро ба худ зиёд намудаем. Аз ин лиҳоз барои ҷавонон ва насли наврас зарур аст, ки забонҳои хориҷиро аз худ намоянду ҳангоми воридшудани сайёҳон ба сифати тарҷумон машғул шаванд аз ин амалашон маблағҳои хубе ба даст хоҳанд овард. Кишварҳое, ки ру ба тараққиётанд яке аз соҳаҳои бонуфузи онҳо ин даромад аз ҳисоби сайёҳон мебошад. Албатта дар кишвари мо ҳам шумораи сайёҳон сол аз сол ру ба афзоиш мебошад. Ҷалби сайёҳон аз мардуми вобастагии калон дорад, зеро мо чи қадаре, ки ба забономӯзӣ машғул шавем ва ба сайёҳон намудҳои гуногуни хизматрасониро ба роҳ монем буҷаи хонавода ва ҳатто давлатро метавонем ғанӣ гардонем. Аз ҷониби дигар пешрафти технологияи итттилоотӣ моро водор месозад, ки ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ машғул шавем. Бе донистани забонҳои хориҷӣ кор бо технологияи муосир душвор мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди соҳаи маориф тамоми имкониятҳоро фароҳам оварда шароитҳои хубро барои хонандагону донишҷӯён ба роҳ мондааст. Дар сурати доштани завқ ҳар як нафар метавонад, ки ба омӯзиши забонҳои хориҷи машғул шавад. Танҳо мо назди худ мақсад мегузорему ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ машғул мешавем, баъди гузашти андак вақт мо дарк менамоем, ки омӯзиши забонҳои хориҷи калидест, ки ба мо ҳамаи дарҳоро боз мекунад.

Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg