БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАНТАНАҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТАҚВИЯТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МУСОИДАТ МЕКУНАД

А.ҶОМӢ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар  ҳамкорӣ бо ташкилоти ибтидоии “Оила” –и назди САҲШ-и ноҳияи Абдураҳмони  дар майдон Кохи  фарҳангии ноҳия,  бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ - фарҳангӣ зери унвони “Даҳаи тантанаҳо” ва дар доираи ин чорабинӣ конференсияи бадеӣ-маърифатӣ таҳти унвони “Оила пояи асосии давлат” ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур  Муҳаммаддовуд Ҳалимзода раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, мудири шуъбаи САҲШ-и вилояти Хатлон Зебо Раҷабзода, раисони ташкилотҳои ибтидоии “Оила”, аъзои фаъоли ҳизб, собиқадорон  иштирок намуданд.

Нахуст, иштирокдорон аз намоиши ҳунарҳои мардумии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дидан намуда, дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дасти кумак дароз кардан ба оилаҳои камбизоат,ки фарзанди навтаваллудшуда доранд бо шаҳодатномаҳои таваллуд ва ба оилаҳои ҷавоне,ки навхонадор шудаанд бо шаҳодатномаҳои сабти никоҳи давлатӣ тариқи ройгон супурда шуда,  ҳамчунон бо туҳфаҳои молӣ ҳавасманд гардонида шуданд.

Дар қисмати  оғози кори конференсияи бадеӣ-маърифатӣ  Муҳаммаддовуд Ҳалимзода оид ба 30- соли дастовардҳои Истиқлоият ва дар мавзуъӣ “Асоси оилаи солим ва пойдории давлат дар тарбияи дурусту таълими хуб мебошад” суханронӣ намуд.

Сипас,  Раҳимзода  Сафармуҳаммад Абдураҳмон  раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Сафарзода Зинатгул Ҳотам-мудири шуъбаи САҲШ-и вилояти Хатлон дар мавзӯҳои “Сабабҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон” ва  “Нақши оилаҳои ҷавон дар тарбияи насли наврас” маърӯза намуданд.

Дар охир ба оилаҳои намунавӣ ва як қатор фаъолони ҳизбӣ бо Сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ ҳунармандони ташкилоти ибтидоии “Фарҳангчиён”  бо суруду таронаҳои инсондӯстонаву ватандӯстона хотири меҳмонону сокинони  ноҳияро шод гардониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg