БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАҲАИ ТАНТАНАҲО ТАНИНАНДОЗ АСТ

КӮШОНИЁН. Дар майдони Исмоилӣ Сомонӣ ноҳияи Кӯшониён бо ташаббуси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ - фарҳангӣ зери унвони “Даҳаи тантанаҳо” ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳияи Кӯшониён Шукруллозода Дилафрӯз, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён  Шомалангова Миҷгона,  раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзои фаъоли ҳизб, собиқадорон ва дигар қишри фаъоли ҷомеа иштирок намуданд.
Нахуст, иштирокдорон аз намоиши ҳунарҳои мардумии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дидан намуда, ба дастовардҳои онҳо баҳои баланд доданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ ба як қатор довталабоне, ки барои аъзо шудан ба ҳизб ариза пешниҳод намуда буданд, дар вазъияти тантанавӣ билетҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.
Ҳамчунин, як қатор раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ барои иҷрои саривақтии нақшаи “Обуна-2022 ба нашрияҳои ҳизбӣ”  бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён сарфароз гардиданд.
Инчунин, ба дастаҳое, ки дар марҳилаи дуюми мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ҷойҳои 1, 2, ва 3-юмро ишғол нумуданд, бо “Ҷоми ҲХДТ”, Сипоснома, медал ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён сарфароз гардиданд.
Мавриди зикри аст, ки чорабинии мазкур бо барномаи фарҳангии ташкилоти ибтидои “Фарҳанг” ба анҷом расид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg