БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

«ДАҲАИ ТАНТАНАҲО» ДАР НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН

ҚУБОДИЁН. Бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ зери унвони “Даҳаи тантанаҳо” бо иштироки намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзои фаъоли ҳизбӣ, собиқадорон дар назди бинои Қасри Фарҳанги ноҳия баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллоев Ваҳобиддин ва раиси ташкилоти ибтидоии Ҷамоати шаҳрак Шарипов С аъзои ҳакамон, муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати шаҳрак Ғафурова Б аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, ба ҳунару маҳорати иштирокчиёни ин чорабинӣ баҳои баланд доданд.

Дар охири чорабинӣ Шарипов С дар мавзӯи 30 - соли дастовардҳои Истиқлолият суханронӣ намуда, сокинонро табрик гуфт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg