БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФИНАЛ: “БАҲОР” Ё “УРГУТМАҲАЛЛА”: БАРАНДАИ ҶОМ МЕШАВАД?

БОХТАР. Дар варзишгоҳи “Ҷавонӣ”-и шаҳри Бохтар марҳилаи нимниҳоии мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ” миёни дастаҳои ғайрикабсии шаҳри Бохтар доир гардид.

Дар ин маҳила барои баромадан ба марҳилаи финалӣ дастаҳо аз маҳаллаҳои “Борбад” ва “Ургутмаҳалла” байни ҳам қувваозмоӣ карданд. Бозии мазкур тезу тунд ва пешгуӣ нашаванда  доир шуд. Дар давраи аввал футболбозони “Борбад” бо ҳамлаҳои пайдарпай гузашта ба дарвозаи рақибашон 2 гол зада, ду гол ба дарвозаашон сар доданд. Дар қисмати дуюми бозӣ футболбозони “Ургутмаҳалла” ба ҳуҷум гузашта раванди бозиро тағир дода, ба дарвозаи борбадиён ду голи дигар зада, дастаи “Борбад” бошад ба як голи онҳо ҷавоб доданд. Бо ҳамин бозии мазкур ба ҳисоби 4:3 бар нафъи “Ургутмаҳалла” анҷом ёфт.

Дастаи футболбозони “Ургутмаҳалла” бо маҳалла “Баҳор” барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ” дар давраи финали байнӣ ҳам қувваозмоӣ мекунанд.

Маврид ба ёдоварист, ки мусобиқаи футболи хурд миёни дастаҳои ғайрикасбӣ барои дарёфти Ҷоми ҲХДТ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ ташкил карда шуда, дар доираи ҳамкориҳо бо ФФТ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 4 давр барпо гардида истодааст. Мақсад аз баргузории мусобиқаи мазкур иҷрои бандҳои барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардонидани футбол, мустаҳкам намудани робитаҳои дӯстӣ миёни ҷавонон, мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg