БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИЁН БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ҲАШАР БАРОМАДАНД

БОХТАР. Дар доираи сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти далватии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоии “Маҳаллаи Сарчашма”, “Роҳнамо” ва “Зироаткорӣ” ба ҳашари умумӣ баромаданд. Тибқи иттилои узви ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сарчашма” Илҳом Илёсов аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маҳаллаи Сарчашма” 200 нафар, аз “Зироаткорӣ” – 50 нафар ва аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳнамо” 50 нафар дар ҳашар иштирок намуданд.

Дар рафти ҳашар ҳизбиён гирду атрофи хона, коргоҳу муассиса, ҷӯй ва кӯчаву роҳрави кӯчаҳои Лоиқ Шералӣ, Муқаннаъ, А.Қаҳҳоров, Ф. Насруллоев, Т.Гулов, Н. Самандаров, Довудов ва мири маҳаллаи Сарчашмаро тозаву озода намуда, аз партовҳо, алафҳои хушкшудаву бегона тозаву озода намуданд. Ҳазамон зери дарахтон нарм карда шуда, девору панҷара ва дигар ҷойҳои лозимӣ рангу бор карда шуданд.

Тибқи иттилои масъулин чунин ҳашарҳо дар оянда низ ташкил ва гузаронида мешавад.

Дар ҳақиқат корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва хуррамгардонӣ ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани санаи муқаддаси миллӣ - 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар рӯз то рӯз вусъат гирифа истодааст, ки аз омодагии ҳамаҷонибаи бохтариён ба ин иди фархунда шаҳодат медиҳад. Боварии комил дорем, сокинон, меҳмонон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар шаҳри Бохтар 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешвоз мегиранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg