БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ СОБИҚАДОРОН БО АЪЗОИ ҲХДТ

Ҷ.БАЛХӢ.  Дар маҷлисгоҳи шубаи маорифи ноҳия дар доираи “Даҳаи тантанаҳо” вохӯрии собиқадорон бо иштироки раиси Шӯрои ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Шомалангзода Саидқул,  муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҳизбӣ дар вилояти Хатлон Абдулҳаев Маҳмасаид, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат дар ноҳия Файзалиев Раҳмоналӣ,  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сулаймонова Лола, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб баргузор гардид.

Сулаймонова Лола вохӯриро ифтитоҳ бахшида,  доир ба дастовардҳои даврони Истиқлолият, пешравиҳои ҳизбӣ суханронӣ намуд.  Баъдан  раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб дар ноҳия Абдулҳаев Маҳмасаид, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат дар ноҳия Файзалиев Раҳмоналӣ ба сухан баромада, оид ба дастовардҳои даврони Истиқлол, ҷараёни созандагию бунёдкориҳо дар саросари кишвар, мақсаду мароми ҲХДТ ибрози ақида намуда, ҳозиринро ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфтанд. Дар фарҷом ба аъзои нави ҲХДТ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супурданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg