БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУЛОҚОТИ СОБИҚАДОРОНИ ҲХДТ БО ФАЪОЛОН

ШАҲРИТУС. Дар ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинов дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки   раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳия Ҷӯрабоев З., раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат дар ноҳия Зоғаков И, ва мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Хидирбойзода С. ва инчунин директорони муассисаҳои таълимӣ, мудирони бунгоҳҳои саломатӣ, раисони маҳаллаҳо, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ, ҷавонон, фаъолон, намояндагони васоити омма  ва дигар шахсиятҳои расмӣ бо риояи фосилаи иҷтимоӣ ва қоидаҳои беҳдоштию санитарӣ мулоқоту вохӯрӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар мулоқот масъулин доир ба  вусъати корҳои созандагию ободонӣ, ҷиҳати рангу бор намудани ҳар як хона ва ободонии маҳалли зист ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон  ва дастовардҳои он суҳбат карда, иштирокдоронро ба амалҳои неку созанда раҳнамоӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg