БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ- НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА ДАСТОВАРДҲОИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Н. ХУСРАВ.   Бо  мақсади  бедор  кардани  ҳисси  боварӣ  ба  ояндаи  нек ва  ба истиқболи  сазовори  30-  солагии  Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, таъмини  рушди   устувори  иқтисодии  кишвар, тараққии   соҳаҳои   илму  маориф, тандурустӣ, инкишофи  нерӯи  инсонӣ  ва  беҳтар  намудани  сатҳу  сифати  зиндагии  мардум, ки  ҳадафҳои давлат ва  Ҳукумати  Тоҷикистон мебошад,  бо  иштироки васеи раисони  ташкилотҳои  ибтидоии  ҳизбӣ, аъзо  ва  ҷонибдорони  ҳизб,  омӯзгорон   ва  сокинони  деҳаи  Арабхонаи  Ҷамоати  деҳоти  Истиқлол   конференсияи  илмӣ-  назариявӣ  дар    мавзӯи   «Рушди  соҳаҳои  хоҷагии  халқ  бахусус кишоварзӣ,  чорводорӣ ва  боғпарварӣ  дар  даврони  Истиқлолият» баргузор  гардид.

Раиси   Кумитаи  иҷроия  Ализода Сураё  Ҷура  конференсияро  оғоз  намуда,  дар  мавзӯи  «Рушди  соҳаҳои  кишоварзӣ  ва  чорводорию  боғпарварӣ дар  даврони  Истқлолият» баромад кард.

Сипас, муовини раиси Кумитаи иҷроия  Муродов  Раҳмон  пешниҳод  намуд, ки ӯ доир  ба дастовардҳои  даврони  Истиқлолият  дар  соҳаҳои  хоҷагии  халқ аз  ҷумла  кишоварзӣ, чорводорӣ  ва  боғпарварӣ ва тадбирҳои  андешидаи  давлату  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  қабули  барномаҳои  давлатӣ  дар  соҳаи  мазкур маълумот  дод. Сипас,   оид ба   масъалаи  мазкур аъзои  гурӯҳи вакилии ҳизбии  дар  Маҷлиси  вакилони  халқи  ноҳия,  директори  муассисаи  таҳсилоти  миёнаи  умумии  №13-и  ноҳия  Саидмуродова  Шаҳло дар бораи   дастовардҳои  кишоварзони ноҳия дар  даврони  истиқлолият  баромад  намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg