БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ШӮРОИ СОБИҚАДОРОНИ ҲХДТ СУДМАНД ДОИР ГАРДИД

ҲАМАДОНӢ. Дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маҷлиси Шӯрои собиқадорони ҳизб бо иштироки сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода, муовини раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Исҳоқи Ҳусния баргузор гардид.

Маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода ифтитоҳ бахшид.

Раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ситорамо Кучарова оид ба фаъолияти Шӯро ҳисобот дод. Аъзои Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода дар бораи сиёсати хирадмандонаю созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.

Муовини раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Исҳоқи Ҳусния дар мавзӯи "30-соли дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ” баромад кард.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Даштигуло Исматов Ҳабибулло оид ба  амалишавии аксияҳои ҳизбӣ баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дод. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Д.Ғаффорзода қайд кард, ки мо ба шарофати Истиқлолият ғояи таҳкими Ваҳдати миллӣ, таъмини сулҳу субот ва тарғиби худогоҳиву худшиносиро ба пояи сиёсати давлатӣ бардоштем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg