БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА ОҒОЗ ГАРДИД

ПАНҶ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Саройкамар» қабули ҷамъоварии «тиллои сафед» шурӯъ гардид.

Дар ҷамъомад раиси ноҳияи Панҷ Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер,  аъзои ташкилоти ибтидоии мазкур ва роҳбарони ташкилоту идораҳои ноҳия «Корвони сурхро» пешвоз гирифта,  вохӯрӣ  баргузор карданд.  

Зимни баромад Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер қайд кард, ки ноҳияи Панҷ яке аз ноҳияҳои аграрии вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, соҳаи кишоварзӣ асоси пешбурди иқтисодиёти он маҳсуб меёбад. Соҳаи кишоварзӣ аҳамияти на танҳо иқтисодӣ, балки иҷтимоӣ низ дорад, зеро бештари аҳолии қобили меҳнат ба он машғул мебошанд. Инчунин, қайд карда шуд, бояд кӯшиш кунем, ки пахтаи сафед  беталаф ғунучин карда шавад ва ҳар як сокини ноҳия дар ғунучини он саҳми худро  гузорад, зеро пахта боигарии давлат  ва асоси рушди иқтисодиёти малакат аст. Дар охир аз ҷониби МИҲД-и ноҳия ба кишоварзони пешқадам туҳфаҳо тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg