БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ

АНДЕША. Мо дар арафаи ҷашни муқаддасу миллӣ, 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизу ягона қарор дорем. Маҳз 30-сол муқаддам миллати куҳанбунёду тамаддунофари мо ба неъмати бузурги сарнавиштсоз,  истиқлолияти давлатӣ мушарраф гардид, ки имрӯз мо мардуми шарафманду меҳнатқарини Қубодиёни куҳандиёр низ чун тамоми мардуми шарифи Тоҷикистони азиз ин падидаи бебаҳоро бо шукӯҳу шаҳомат ва дастовардҳои хуби меҳнатӣ таҷлил менамоем.

Бо шарофати ин ҳадяи тақдир Тоҷикистони азизи мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва давлати тоҷикони куҳанбунёду тамаддунсоз дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намуд.

Вале, мутаассифона бо иллати бетаҷрибагии давлатӣ ва фиребу найрангбозиҳои бадхоҳони берунӣ, кишвари ҷавони мо ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуда, то ба ҷое расид, ки бародар душмани бародар гардид. Дар ин давраи тақдирсоз давлати ҷавони мо ба озмоиши бисёр сангин ва зарбаи вазнини таърих дучор гардид.

Дар чунин айёми ниҳоят ҳассос мардуми заҳматкаши ноҳияи Қубодиёни бостонӣ низ ранҷу машақати зиёд кашиданд,  зеро аксари воқеаҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандиро бо чашми худ дида, азобу уқубати онро дар тани худ эҳсос намуданд.

Зарбаи аз ҳама даҳшатноки ин ҷанги бародаркуш ин буд, ки боиси ҳалокати ҳазорон нафар мардуми бегуноҳ, ятим мондани даҳҳо ҳазор кӯдакон, аз фарзанд маҷрум гардидани ҳазорон модарон гардид ва беш аз як миллион нафар сокинон, аз он ҷумла зиёда аз 50 ҳазор нафар сокинони ноҳия гуреза шуда, дар ғарибӣ, дар мулки бегона паноҳ бурданд,

Хушбахтона, хиради азалӣ ва руҳи бузургони гузаштаи миллати тоҷик имкон дод, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ баргузор гардад ва бо ҳидояти Худованди бузург дар ин Иҷлосия фарзанди фарзонаи миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардида,  миллати ҷафокашидаи тоҷикро аз сарсонию саргардонӣ ва  давлатро аз нобудшавӣ раҳоӣ бахшид.

Ин иҷлосия, ки баъдан дар таърихи навини халқи тоҷик бо номи иҷлосияи тақдирсози шонздаҳум сабт гардид, ки дар роҳи ба эътидол овардани вазъи ноороми кишвар нақши бузурги таърихи бозида роҳу сарнавишти миллату давлати тоҷиконро муайян намуд.

Таҳлили воқеъбинонаи 30 соли сипаригардида нишон медиҳад, ки дар расидан ба сулҳ ва рушти босуботи кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши асосию маркази доштанд, ҳамчун як роҳбари мардуми ва Пешвои милли сокинони кишварро дар атрофи ғояҳои баланди сулҳу ваҳдат ҷамъ оварда, наҷоти давлату миллатро таъмин намуданд.

Имрӯз вақте сухан аз боби истиқлолият, сулҳу ваҳдати миллӣ  меравад беихтиёр манзараҳои он рӯзҳои даҳшатбор, манзилҳои сӯхтаю валангор, заминҳои бе обу бе кишт монда, мардуми сарсону саргардон ва чеҳраҳои маҳзуну ноумед пеши назар намоён мегарданд. Вале чун ба корҳои созандагиву ободонии мардуми шарафманди Қубодиёни бостонӣ, қомат афрохтани биною иншоотҳои гуногуни хизматрасонӣ, файзу баракати меҳнати мардум, фаровонии бозори марказии ноҳия назар меафканам, маро як эҳсоси фараҳу шодӣ ва ифтихор фаро мегирад.

Воқеан истиқлолият барои ҳар халқу миллат сарвати ниҳоят арзишманд буда, ҳастиву бақои миллату давлат ва озодиву сарфарозии ҳар як фарди ҷомеа ба он алоқаманд аст.

Аз ҳамин хотир мардуми шарафманди тоҷик истиқлолиятро муқаддас мешуморанд ва барои ҳифзу таҳкими он бо азму иродаи қавӣ, ҳисси баланди миллӣ ва масъулият ҷидду ҷаҳди ватандӯстона менамоянд.

Боварии комил дорам, ки сокинони шуҳратёри Қубодиёни бостони низ чун тамоми мардуми Тоҷикистони азиз ин санаи азизу муқаддас-Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои хуби меҳнатӣ, дар руҳияи баланди фарҳангӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ, худшиносию худогоҳӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд.

Бо ин нияти нек, аз фурсати муносиб истифода намуда, тамоми мардуми меҳнатқарини тоҷику Тоҷикистониёнро бо ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар як фарди кишвари азизамон хонаи обод, сиҳатию саломатӣ, шодию фараҳ, дастархони пур аз нозу неъмат ва дар корҳои ояндаашон баҳри пешрафту инкишофи кишварамон бурдбориҳо таманно менамоям.

Иди Истиқлолият муборак, ҳамватанони азиз!

М. Шарифзода,  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Қубодиён       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg