БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

«ДАҲАИ ТАНТАНАҲО» ДАР ҚУБОДИЁН

ҚУБОДИЁН.  Бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ зери унвони “Даҳаи тантанаҳо” бо иштироки намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзои фаъоли ҳизбӣ, собиқадорон дар назди бинои фароғатии Фарҳангии Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб, аъзои ҳакамон, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти Ишмурод Ниёзов  Шарифзода Муҳаммад Раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Саидмуродов Шодӣ аз намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дидан намуда, ба ҳунару маҳорати иштирокчиёни ин чорабинӣ баҳои баланд доданд.

Дар охири чорабинӣ Шарифзода Маҳмадаюб дар мавзӯи 30 - соли дастовардҳои Истиқлолият суханронӣ намуда, фаъолонро бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg