БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИ НАҲЗАТ ВА ХӮСАҲОИ СИЁСӢ ҲАРДУ ЯКТАНАНД

ВОКУНИШ. Ба наздикӣ Ҷумҳурии азизи мо Тоҷикистони гул-гулшукуфон 30- солагии Истиқлолияти давлатиро ҷашн мегирад.  Мо шаҳрвандони баорӯ номуси миллат ин идро хело интизор будем, то ки онро сазовор пешвоз гирем. Зеро мо ҳама хеле хуб медонем, ки чи гуна Истиқлолият ба даст омадааст. Ватани соҳибистиқлоламон таҳти сиёсати созандаи Пешвои миллат ва Барномаи фарогири Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба марҳилаи навбатии рушду пешрафт – саноатикунонии босуръат ворид гардидааст, ки ин омил аз як ҷиҳат пояҳои Истиқлолияти давлатиро мустаҳкам кунад, аз тарафи дигар барои бадхоҳони миллати тоҷик мояи рашку ҳасудист.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллат-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чӣ қадар ҷонбозиҳо карданд, то ки дар Тоҷикистон сулҳ шавад, гурезагон баргарданд ва Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати ҳуқукбунёд, дунявӣ, демократӣ ва осуда шинохта шавад. Дар натиҷа дар Тоҷикистон оромию осудагӣ ҳумкфармо шуд, сулҳ пойдор шуд, хоҷагии халқ рушд кардан намуд, ҳоло мардуми тоҷик осудаҳолона зиндагӣ карда истодааст.

Мутаассифона, ҳастанд ашхосе ва ҳизбу ҳаракатҳое, ки тинҷӣ ва осоиштагии миллати тоҷикро намехоҳанд ва бар хилофи сиёсати сулҳпарваронаи Роҳбари давлат баромада мехоҳанд дар мамлакат нооромиро барпо кунанд, лекин мо шаҳрвандони соҳибмаърифати Тоҷикистон намегузорем, ки ҳамин гуна ашхоси курдил ба мақсадҳои ғаразноку нопоки худ ноил гарданд.

Зимнан қайд кардан лозим аст, ки одамоне, ки  бо гумроҳӣ ба тарғиботӣ гӯё накӯкоронаи ҳизби наҳзат фирефта шуда, ба он шомил гаштаанд. Танҳо баъди дарк кардани мақсади аслии ин ҳизб, ки он ба даст даровардани ҳокимияти муфт ва бунёд кардани давлати ба ном исломӣ аст, аз кардаашон пушаймон шуда, сафҳои онро тарк кардаанд.

Наҳзатиён дар байни аъзо ва ҷонибдоронашон шиори «Касе ки бар зидди ҳизби наҳзат аст, зидди ислом аст»-ро тарғиб мекарданд. Аксарияти собиқ аъзои ин ҳизб фарқияти куллии ҳизби сиёсии ба ном исломиро аз дини мубини Ислом хуб дарк намекарданд.

Ҳоло ҳам ин гурӯҳҳо нақшаҳои худро барои халалдор кардани сулҳу субот, ҳаёти осоиштаи мо, зина ба зина тарҳрезӣ карда ва хоҳиши амалӣ намудани ҳадафҳои нопоки худ бар зидди ҳокимияти конститутсионӣ баромад карда истодаанд.

Афсус, имрӯз ин хоинони манфиатҷӯву мансабпараст на хотири модару падар ва кӯдаку фарзандони худро мекунанд. Танҳо ва танҳо барои манфиати худ амалҳои зиштро иҷро менамоянд,  то ин ки дар шароити хубу замонавӣ аз ҳисоби пулҳои хоҷагони худ хушу хурсандона зиндагонӣ намоянд. Бо суханони пучу бемаънӣ ва беистобу далел сомонаҳоро пур кардаанд. Дигар баромадҳои онҳо маънӣ надоранд. Онҳо аллакай ба хӯсаҳои сиёсӣ табдил ёфтанд. Мардум инро аллакай дарк намудааст. Вале ин барои онҳо кифоя нест. Вокунишҳои ҳамарӯзаи фаъолони ҷомеаи кишварро онҳо «фабрикаи ҷавоб» унвон намудаанд. Оре, хуб аст, ки фабрикаи ҷавоб барои шумобаринҳо вокуниш нишон медиҳад. Чуноне, ки мегӯянд, кафлез мувофиқи дег аст.

Мо пуштибони кишвари худ ҳастем аз номи Роҳбари миллат ва аз номи давлати тоҷикон  баромад мекунем, чунки ин номуси мост ва ҳуқуқи онро дорем. Ин пуштибони мо ба нафси як хел хоинони миллат расидааст, ки дигар намедонанд чӣ кор карда  ва канданро аз куҷо сар кунад ва намедонанд  ин чоҳе, ки мекананд оқибаташ сархӯрии худ мебошад, чунки  чоҳкан зери чоҳ аст.

Шукрона мегӯем, ки бо ҳидоят ва дастурҳои созанда ва бунёдкоронаи Президенти  мамлакат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон кишвари азизамон - Ватани биҳиштосо рӯз аз рӯз ободтар шуда, халқ аз сиёсати созандаи Роҳбари хирадмандаш пуштибонӣ намуда, бо дасту дили гарм пайи ободонии ҳар деҳу манзилаш кӯшишу ғайрат ба харҷ медиҳад.         Соҳибдавлатӣ, соҳибватанӣ, соҳибихтиёрӣ барои инсон беҳтарин сарвату неъмат ба ҳисоб меравад. Аз шарофати ин неъматҳои беназир мо ба бисёр ормонҳои худ муваффақ гардидем. Имрӯз давлатамон неруманду обод ва торафт шукуфонтар гардида, барои ба сар бурдани зиндагии шоиста ҳамаи шароиту имкониятҳо фароҳаманд, танҳо барои дастёбии онҳо бояд заҳмат кашид, илму ҳунар омӯхт, кӯшишу ғайрат кард.

Ғафуров Сайдамир, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg