БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУЛОҚОТИ СОБИҚАДОРОНИ ҲХДТ БО СОКИНОН

Н.ХУСРАВ. Дирӯз гурӯҳи  кории назди Шӯрои  собиқадорони  ҲХДТ дар вилояти  Хатлон дар  Маҳаллаи   Давлатободи ҷамоати шаҳраки  Баҳори ноҳияи  Носири  Хусрав   бахшида  ба таҷлили  сазовори  30-  солагии  Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  мулоқоту  вохӯриҳоро бо  соконон  баргузор  карданд.

    Вохӯриро   муовини  раис - мудири  шуъбаи  ташкилӣ  ва  кор  бо кадрҳои   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар  ноҳия  Муродов  Раҳмон  ифтитоҳ  намуда,  қайд  кард, ки  имрӯз  сокинони кишварамон бо  як масъулияти  баланд  ва ифтихори  ватандорӣ   ҷиҳати   амалӣ  намудани  ҳадафҳои  неку  созандаи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон  сарҷаъм буда,    бо  кору  амали  созандаи     худ барои   зиндагии  шоиста  ҷаҳду  талош  менамоянд.

Сипас. Раиси Шӯрои собиқадорони ноҳия Рӯзиев  Ёрқул дар бораи  санаи  муҳими  таърихӣ, ки  барои   мардуми  шарифи  Тоҷикистон  Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муқаддас аст, андешаронӣ карда, гуфт, ки имрӯзҳо мо мардуми  Тоҷикистон дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлол қарор  дорем. Ҳамаи  мову  Шуморо  зарур  аст  дар  амалӣ   намудани  ҳадафҳои  неку  созандаи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сарҷаъм  бошем ва бо  кору  амали  созандаи  худ  сазовор  ба  зиндагии  шоиста  гардем. Инчунин, мавсуф дар идома  қайд  намуд, ки  мақсади баргузории чорабинӣ   таҳким бахшидан   ба  ваҳдати  миллӣ ба  хотири  тақвияти  минбаъдаи   пояҳои  давлатдории  миллӣ, ҷамъбасти дастовардҳои  даврони  Истиқлолияти  давлатӣ ва  сазовор  истиқбол  намудани ҷашни 30- солагии  Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg