БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРӢ БО СОКИНОН СУДМАНД БУД

БОХТАР. Дирӯз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи уммии №14 шаҳри Бохтар вохӯрӣ бо аъзои ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маҳаллаи Ғайрат” доир шуд.

Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллозода Насриддин, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иштирок доштанд. Нахуст, номбурда ҳозиринро ба муносибати 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки 9-сентябри соли 1991 Тоҷикистон бо қабули як эъломия дар бораи Истиқлолияти давлатӣ мустақилияти худро эълон намуд. Бо қабули ин эъломия Тоҷикистон ва халқи тоҷикро роҳи наву пурпечутоб интизор буд, ки хушбахтона таҳти сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин имтиҳони мураккаби таърихӣ гузаштем.  Аз қабули ин санад имсол 30-сол сипарӣ мегардад. 30-сол дар назди китоби таърих кӯтоҳ ҳам бошад, вале барои мо тоҷикон 30-соли сохту соз, бунёду азнавсозӣ ва 30-соли шинохти ҳуввияти миллӣ ба ҳисоб меравад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg