БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ СУЛҲУ ОСОИШТАГӢ АЗ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ ХУД МИННАТПАЗИРЕМ

АНДЕША. Ҳодисаҳои даҳшатбори тайи чанд ҳафтаи ахир ба сари мардуми афғон омада ва ғасби ҳукумати Афғонистон аз ҷониби ҳаракати террористӣ- экстремистии «Толибон» бузургии Истиқлолияти Ватани азизи моро боз ҳам пуршукўҳтар ба ҷилва меорад ва аҳамияти таърихии онро барои мо ватандорон равшан месозад. Ин ҳодисаҳои ҳузновар бори дигар исбот менамоянд, ки танҳо доштани пешвою раҳбари оқилу дурандеш ва иттиҳоду ҳамдилии тамоми халқҳо метавонисту метавонад ин давлати солҳо боз дар оташи ҷанг сӯзандаро ба сулҳу осоиштагӣ бирасонад. Бори дигар бо чашми сар дидем, ки ҳеҷ касе ва ҳеҷ давлате қодир нест, ки мушкилоти ба сари ин мардуми азиятдида омадаро ба таври мусбӣ ҳал созад. Ин масъала масъулияти хоси мардуми ин кишвар аст. Ҳодисаҳои харобиовар дақиқан нишон доданд, ки сулҳу осоиштагӣ қиммате доранд тасвирнашуданӣ.

Халқи тоҷик низ дар масири таърих воқеаҳои басо фоҷиабор ва дар айн ибратомӯзро аз сар гузаронидааст. Ниёгони мо бо вуҷуди маротибаҳо аз сар гузаронидани тохтутози хонумонсӯзи аҷнабиён, лашкаркашиву хунрезиҳои беҳисоб, ҳамеша дар дил орзуи соҳибватану соҳибистиқлол буданро мепарвариданд. Корнамоиҳои Спитамену Муқаннаъ, Темурмалику Восеъ ва боз садҳо нафар фарзандони ин миллати озодидӯст дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои зарин нақш шуда, аз намунаҳои олии ватандӯстиву ватанпарастӣ шинохта мешаванд. Маҳз ҳамин озодихоҳиву сулҳҷӯии мардуми тоҷик буд, ки баъди ҳазор сол давлати тоҷикон аз нав эҳё гардид ва роҳи ояндаи ҷумла тоҷикони ҷаҳонро мунаввар сохт.

Мо имрӯз дар остонаи 30-юмин солгарди ин санаи таърихӣ қарор дорем. 30 сол дар масири таърих муҳлати хеле кӯтоҳ аст, аммо халқи тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд дар заминаи суннатҳои меросӣ ва арзишҳои миллию фарҳангӣ эҳёи давлати тозаистиқлоли худро тақвият бахшанд.

Аммо он замон ҳанӯз қувваҳои худхоҳу манфиатҷӯе буданд, ки намехостанд Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил дар арсаи ҷаҳонӣ мақом дошта бошад. Ин бадхоҳии онҳо оқибат мардуми тоҷикро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашонд. Нахуст аз майдоне, ки мебоист макони истироҳату осоиши мардум бошад садои воҳимаангези издиҳоми бехабар аз бозиҳои сиёсӣ ба гӯш мерасид. Ҳама баробар бо як овоз истеъфои ҳукумати конститутсиониро талаб мекарданд, аммо ин «талабгарон» худ намедонистанд, ки ҳосили онҳо аз ин истеъфо чӣ хоҳад буд. Намеандешиданд, ки ба сари ин миллати азиятдида чӣ хоҳад омад. Ин издиҳоми чашмбаста бехабар аз нақшаҳои тарҳрезишудаи душманон ҳадафҳои нопоки онҳоро амалӣ менамуданд.

Бо вуҷуди дассисабозиҳои ин тиҳимағзон буданд нафароне, ки фикри ояндаи миллат виҷдони онҳоро ором намегузошт. Ҳисси баланди ватандӯстию меҳанпарастӣ онҳоро дар муқобили ин ҷангҷӯёни бемақсад қарор дод. Вақте, ки ба хонаи тоҷику тоҷикистонӣ оташ афтода хушку тар месӯхт. Замоне, ки мардуми тоҷик аз тарси ҷон дар мулкҳои бегона паноҳ меҷӯст. Он даме, ки нолаи ҷонсӯзи модарони фарзандгумкарда ба фалак мепечид, чашмони хунбастаи силоҳбадастон касерову чизеро намедиданд. Нолаҳои имдодталабонаи онҳо ба гӯши касе намерасид. Бо эътиқод ба суханҳои бофтаю сохтаи касе аз ҳамдигар ниқор мегирифтанд. Хатари аз байн рафтани давлат таҳдид мекард.

Танҳо баъди ҳамчун раиси Шӯрои Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Сарвари муаззами мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва даъватҳои ватандӯстонаи ӯ мардумро ба андеша кардан водор сохт. Аз рӯзи аввал қотеона сухан мегуфту дилпурона қадам мезад.  «Ё имрӯз силоҳ ба замин гузошта, баҳри ободии Ватан камар мебандем, ё дар таърих ҳамчун фарди миллаткӯш боқӣ мемонем!…», таъкид мекард ҳамеша. Қатъият, ҷасурӣ, ватандӯстию ватанпарварӣ ва сар нафаровардан пеши ҳеҷ қувваву гурӯҳ ӯро маҳбуби ҳар хонадон намуд. Ҷидду ҷаҳду талошҳояш мардуми ҳарду тарафи сангарро дар гирди ӯ муттаҳид сохт. Оҳиста – оҳиста дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдат пойдор гардид.

Аз он рӯзҳои шум ҳанӯз муддати зиёде паси сар нашудааст, ки фаромӯшаш созем. Имрўз мо хушбахттарин миллат ҳастем, ки бо сарварии Пешвои муаззами миллат дар як муддати кӯтоҳ аз гирдоби ин ҷанги харобиовар баромадем.

Боиси хушнудист, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон мавриди омӯзиши давлатҳои Шарқу Ғарб қарор гирифтааст. Баъди таҳлилу муҳокимарониҳои коршиносону сиёсатмадорон сулҳу ваҳдати тоҷиконро ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванд медонанд. Онҳо мегӯянд, ки истиқлолиятро Афғонистон ҳам дораду Сурия ҳам, вале пешвову сарҳанге надоранд, ки давлатро наҷот бахшаду миллатро ба сулҳу осоиш расонад. Оре, ин ҳақиқатест инкорнопазир.

Ин ном ва ин насаби шариф дар таърихи давлатдории тоҷикон ҳамчун мунодии сулҳ ва ватандӯсту фарзанди асили миллат ҷойгоҳи хоса дорад.

Саидов Зайнулло,  вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg