БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ҲИФЗИ СОЛИМИИ ҲАМВАТАНОН ДАР ТАЛОШЕМ!

Ҷ.БАЛХӢ. Бо мақсади пешгирӣ ва коҳиш додани бемории сироятии коронавирус кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар бозори марказии ноҳия вохӯриҳо баргузор намуда, ниқобҳои тиббӣ ва варақаҳои тавсиявӣ ба сокинон дастрас карда шуд.

Зимни вохӯрӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ба шаҳрвандон таъкид доштанд, ки дар бозор, ки аз ҳама ҷойи серодам ба ҳисоб меравад, аз ниқобҳои  муҳофизатӣ истифода намуда,  гигиенаи шахсӣ ва фосилаи иҷтимоиро риоя ва аз тавсияҳое, ки дар варақаҳо оварда шудааст, истифода намоянд, зеро саломатии ҳар яки онҳо барои ҷомеа муҳим аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg