БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ – РАМЗИ СОҲИБДАВЛАТӢ ВА ВАТАНДОРИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК!

АНДЕША. Бо шарофати заҳмату талошҳои шабонарузии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои - миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон, халқи тоҷик тавонист дар давоми си соли истиқлолият ба дастовардҳои бузургӣ сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ноил гардад. Аз ин лиҳоз Истиқлолият неъмати нодиртарини миллати тамадунофари тоҷик маҳсуб меёбад. Маҳз бо ба даст овардани истиқлолият, Тоҷикистон тавонист аз  хатари  нестшавӣ эмин монад.  Дар ин росто  дар назди мардуми Тоҷикистон вазифаи бассо муҳим, бунёди давлати навини миллӣ, ҳифзи манфиатҳои халқу Ватан ва таъмини амнияти кишвар ба миён гузошта шуд. Хушбахтона мардуми тоҷик дар роҳи расидан ба масъалаҳои дар пешгузоштаи худ зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои – миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон тавонист сарбаландона барояд. Бо вуҷуди тамоми мушкилотҳое, ки рӯ ба рӯи миллату давлат меистод, роҳбари кишвар бо ҳисси баландӣ хештаншиносӣ барномаи мукаммали ислоҳоти куллии сиёсиро амалӣ намуда, барои рушди ҳамаҷонибаи мамлакат шароити мусоидро фароҳам овард. Дар як муддати кӯтоҳ тамоми соҳаҳои муҳимми иқтисодӣ кишвар, аз ҷумла саноат, энергетика, сохтумону нақлиёт, кишоварзӣ, рушд намуда, зиндагии мардум беҳ гардид. Пас аз ба даст овардани Истиқлолият, Тоҷикистон ҳамчун давлатӣ соҳибистиқлол, демократӣ, мустақил, аз ҷониби ташкилоту  созмонҳои байналмилал  эътироф  гардид.  Эътироф гардидан ҳамчун давлатӣ соҳибистиқлол заминае мусоид фароҳам овард барои муаррифии миллатимо ҳамчун миллати тамадунсозу соҳибфарҳанг ва ташабускор. Боиси сарфарозист, ки имрӯз Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 193 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохта, ватани маҳбуби мо бо 160 давлати ҷаҳон шартномаҳои гуногун ба имзо расонидааст. Ҳақиқатан Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати тоҷик баъди ҳазорҳо соли бе давлатӣ маҳсуб мегардад. Дар замони муосир соҳиби давлатӣ мустақил будан боисифахр ва шукургузории ҳар фарди хештаншинос ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки ҳимояи истиқлоли давлатӣ, таҳкими суботи сиёсӣ ва таъмини амнияти якпорчагии ватанро вазифаи муқаддаси худ шуморида, ҷиҳати ҳифзи ин дастовардӣ арзишманди миллӣ саъю талоши хастанопазир намоем.

Худойдод  Ёров, сармутахасиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷрои ҲХДТ дар вилояти Хатлон                       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg