БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАҲАИ ТАНТАНАҲО ДАР ШАҲРИТУС

ШАҲРИТУС. Бо иштироки кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, дар Ҷамоати деҳоти Обшорон бо иштироки  раис ва кормандони ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти Обшорон,  раисони деҳаҳо, имомхатибони масҷиди панҷвақта, сарварони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, мудирони бунгоҳҳои саломатӣ ва фаъолон вобаста ба баргузории чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Даҳаи тантанаҳо» доир гардид.

Дар маҷлис оид ба баргузории чорабиниҳои тантанавӣ, ки дар он иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, фаъолони ҳизб, собиқадорон ва дигар қишри фаъоли ҷомеа ҳатмӣ буда, инчунин баромади шахсони расмӣ дар мавзӯъи «30-соли дастовардҳо», намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, барномаи фарҳангӣ, қадрдонии фаъолон ва супоридани шаҳодатномаи ҳизбӣ андешаронӣ карда, иштирокдоронро барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани чорабинии ҳизбӣ раҳнамоӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg