БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ДАР МАҲАЛЛАИ МИРЗООБОД

А.ҶОМӢ. Ҷалби нерӯи ҷавонон ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, тақвияти таъмини ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсию ҷамъистӣ, ҷалби ин табақаи нерӯманди ҷомеа ба сафҳои хеш барои устувор намудани рукнҳои давлатдории навин, ҳимояи марзу буми Ватани азизамон ва мутобиқат намудан ба ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳон ва эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таззодҳову таҳдидҳои замони муосир мусоидат менамояд “ Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз  тибқи барқияи телефонӣ таҳти  №61 аз 16  августи соли 2021, ҷиҳати баргузории чорабиниҳои тантанавӣ таҳти унвони “Деҳаи тантанаҳо” бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода,  ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ташриф оварда   ҳамроҳи  аъзои кумитаи иҷроияи вилоятиву ноҳиявии ҳизбӣ, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раҳимзода Сафармуҳаммад  Абдураҳмон раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимзода  ва намояндаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмонии назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абӯбакр Сафарзода дар ба истифода додани майдончаи варзишии замонавии маҳаллаи Мирзоободи ноҳия иштирок карданд.

Майдони варзишӣ бо 100 ҷойи нишаст, дар масоҳати 800 метри мураббаъ бо маблағи умумии беш аз 300000 сомонӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ  Абдусаломзода Шаҳбози Акбар  бунёд гардидааст.

 Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода зимни суханронӣ, аз ҷумла қайд кард, ки майдончаи варзишии замонавӣ барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шудааст, ки ин эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ ва худшиносу ватандориро дар миёни ҷавонону варзишгарон талқин менамояд.

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба истиқболи ин ҷашни сарнавиштсоз бунёди 195 иншооти маъмурӣ, таъиноти иҷтимоӣ, муассисаҳои таълимӣ, варзишгоҳу майдончаҳои варзишӣ, нигаҳдории тандурустӣ, фарҳангию корхонаҳои истеҳсолӣ ба нақша гифта шуда он беш 100 % иҷро гардидааст.

 Барои саҳми арзанда дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкор Абдусаломзода Шаҳбози Акбар  ва шахсони саховатпешаи деҳа ифтихорнома ва сипосномаҳо тақдим гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg