БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД БАЙНИ ДАСТАҲОИ ҒОЛИБ

Н.ХУСРАВ. Мусобиқаҳои  варзишӣ  оид ба  фуболи  хурд  барои  дарёфти «Ҷоми  Ҳизби Халқии  Демократии  Тоҷикистон» байни  дастаҳои футболи ғайрикасбии  байни ғолибони  дастаҳои   ҷамоатҳои  деҳоти  ноҳия мутобиқи   Низомномаи ва  ҷадвали   тасдиқгардида,  дар  ҳамкорӣ  бо  бахши кор  бо  ҷавонон  ва  варзиши  ноҳия  баргузор  гардида  истодаанд

Ин  навбат  тибқи  ҷадвал марҳилаи  интихобии  давраи 11 байни дастаҳои ғолиби  деҳоти  ҷамоатҳо дар варзишгоҳи  муассисаи  таҳсилоти  миёнаи  умумии  № 10 таҳти  роҳбари Кумитаи  тадорукоти  мусобиқа, байни  дастаҳои  ғолиби футболи  ғайрикасбии Ҷамоати  деҳоти « Фирӯза »  ва  «Наврӯз»-и ноҳия  баргузор  гардид. Дар  ин  вохӯрӣ  футболбозони  дастаи   Ҷамоати  деҳоти Наврӯз бартарӣ нишон  дода,  бо  ҳисоби  4 ба  2  ба дастаи   Ҷамоати  деҳоти  Фирӯза ғолиб омада, ба  даври  сеюми  вилоятии  мусобиқа   роҳхат  гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg