БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ ОРЗУИ ҲАЗОРСОЛАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

АНДЕША. Истиқлолият рукни бунёди озодии инсон ва ҷавҳари асосии зиндагӣ дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии ҳастӣ ва ҳувияти миллӣ аст.

Истиқлолият муваффақияти муҳимтарин, дастоварди бузурги бебаҳо ва воқеаи таърихии миллат, ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳ ва натиҷаи маҳсули талошҳои садҳо ҳазор муборизони роҳи бақои давлати миллии тоҷикон мебошад.

Замоне, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил 9-сентябри соли 1991 истиқлолияти худро эълон кард, қувваҳои сиёсие зуҳур карданд, ки ин масъулияти таърихиро нодида гирифтанд, ҳадафҳои худхоҳонаву ғаразноки худро аз манфиатҳои умумимиллӣ, умумиҷамъиятӣ ва давлатӣ болотар гузоштанд.  Тоҷикистони тозаистиқлолро ба гирдоби талошҳои сиёсӣ, ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ, ба гирдоби бесару сомониҳо кашиданд.

Яке аз хусусиятҳои барҷастаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки якпорчагии давлати мустақили тоҷиконро фароҳам оварда, падидаҳои номатлуб аз қабили ҷудоиандозӣ, маҳалгароиро аз байн бурд ва тамоми мардуми кишварро дар атрофи Президент ва Парчами миллӣ сарҷамъ овард. Худшиносиву созандагиро таҳким бахшид, роҳҳои созандагиву ба муваффақиятҳои назаррас ноил шуданро дар тафаккури мардум таҳрезӣ намуд.

Агар имрӯз ба роҳи давоми 30 сол тай намудаи худ нигоҳ кунем, ба хубӣ пай мебарем, ки Истиқлолияти давлатӣ таъмини пурраи ваҳдати миллиро фароҳам овард. Дар шароити ҷаҳонишавии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар чунин муҳиту вазъияте қарор дорад, ки баъзе гурӯҳҳои нотавонбини ифротӣ на танҳо ифтихорманд аз соҳибистиқлолии мо нестанд, балки ба ҳар роҳ монеаи пешрафти Ватанамон мехоҳанд шаванд ва ҳатто мавҷудияти чунин як давлати озодро намехоҳанд.

Аз ин рӯй, мо мебояд чунон давлатдорӣ ва кору зиндагӣ кунем, ки Истиқлолияти давлатии Ватанамон аз ҳама ҷиҳат устувору маҳкам бошад. Мардум бартарии онро дар ҳаёти ҳаррӯза беш аз пеш эҳсос намуда, даст ба бунёдкорию созандагӣ зананд. Барои дубора фирефтаи тарғибу ташвиқи бадхоҳон шудан асос намонад.

Файзизода Каримҷон Нозил, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg