БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕҲТАРИН МАКТАБИ МО ИСТИҚЛОЛ!

Ҷилваи парчами мо Истиқлол,

Фараҳи ҳар дами мо Истиқлол,

Мақсаду матлаби мо Истиқлол,

Беҳтарин  мактаби мо Истиқлол.

АНДЕША. Шукургузорам Ватан дорам, ки дар он сулҳ, амонӣ, ваҳдат, ягонагӣ истиқлолият пойдор асту миёни биҳишти сарсабзу хуррам  зиндагӣ дорам. Хушбахтона фарзона фарзанди ин миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонмардию қадамҳои устуворона мардуми парокандаро ба ҳам овард. Ҷон рӯи каф гирифту собит сохт, ки ӯ фарзанди асили Ватан аст. Тоҷикистони азизамонро ба биҳишт монанд ва оромию субот дар он ҳукумфармо гашт. Шукрона менамоям, ки 30- солагии Истиқлолиятро бо шукуҳу шаҳомати хоса пешвоз мегирем. Ифтихор аз ниёгони гузашта, аз фарҳангу таърих, ифтихор аз китоби пурарзиши «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, ифтихор аз парчаму нишон, Суруди миллӣ ва аз истиқлолияту Ваҳдати миллӣ менамоям. Ва он ҳамаро, ки ном сулҳ, ободӣ, озодӣ, оромӣ ва ваҳдат аст,  бояд чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем.

Шукри оромии кишвар мекунам,

Шукри ваҳдат шукри сарвар мекунам,

Баҳри сулҳу пойдори миллатам,

Ман дуои хайр ҳамчун модар мекунам.

Раҷабова Момаҷон, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg